“Стоп террор”: мусоҳиба бо коргардони тоҷик, ки дар бораи воқеаи Крокус намоишнома офарид

© SputnikСцена из спектакля "Стоп-террор"
Сцена из спектакля Стоп-террор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Намоишнома бояд як воситаи фаҳмондадиҳии фарҳангӣ ва пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон гардад, мегӯяд коргардон Сӯҳроб Шехов.
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Мавсими нави ҳунарнамоии театри мазҳакаю мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ имсол бо намоишномаи наве бо номи “Стоп террор” оғоз шуд.
Суҳроб Шехов, коргардони тоҷик театрро мактаби ҳаёт ва оинаи ҷомеа номида гуфт, ки ин даргоҳ рисолати бузурге дорад ва эҷодкорон ҳам метавонанд мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар саҳна инъикос ва ба ин васила афкори хубро дар ҷомеа тарғиб кунанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, аз коргардон Суҳроб Шехов дар бораи ин идея, моҳият, монеаву душвориҳо ва чи гуна эҷод шудани ин намоишнома пурсон шуд.
— Идеяи эҷоди ин намоишнома кай ва чи гуна пайдо шуд?
— Чи хеле, ки ба ҳамаи мо маълум гардид, пас аз он воқеаҳое, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар дар толори консертии Крокус Сити холл ин барои мардуми мо хеле ташвишу нигарониҳои ва баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Дарк кардам, ки имрӯз мавзӯи терроризм ва экстрамизм дарди ҷомеа аст.
Худи Пешвои муаззами миллат, президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҳар як паёмашон ба ин мавзӯъ таъкид мекунанд. Ва аз ҷавононро даъват мекунанд, ки зираку ҳушёр бошанд.
Мутаасифона ин мавзӯъ ҳоло ҳам актуалӣ аст. Ба ин хотир ман ҳамчун як эҷодкор ба ҳамин хулоса омадам, ки як намоишномае ба саҳна гузорам оиди ҳамин мавзӯъ. Зеро театр ин худ як мактаби зиндагӣ аст, оинаи ҳаёт аст ва таъсири худро андаке ҳам бошад ба ҷомеаи имрӯза расонида тавонад.
Муаллифи сенария кист ва маводи онро Шумо аз куҷо дарёфт кардед?
— Вақте, ки ин идея ба сари мо омад, ман ҳамчун коргардон дар ҷустуҷӯи асар будам, то ки ба ин мавзӯъ асари мувофиқро дарёфт намоям. Якчанд асарҳоро мутолиа кардам, аммо онҳо дуртар буданд, аз вазъу шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик.
Аз ин хотир ба хулосае омадам, ки ин асарро бояд фармоиш кунам. Ва ба яке аз драматургони шинохта, муваффақ устод Ҷумъа Қуддус, ки то ҳол асарҳои муосирро рӯи қоғаз оварда истодаанд бо он кас ҳамсуҳбат шудем.
© SputnikСцена из спектакля "Стоп-террор"
Сцена из спектакля Стоп-террор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Сцена из спектакля "Стоп-террор"
Он идеяе, ки дар сари ман буд, ба он кас нақл кардам ва он кас хушбахтона дар як муддати кӯтоҳ, дар зарфи 15 рӯз асари мукаммал навишта ба мо фиристоданд. Мо хонда каме ислоҳ кардем ва ба ин тартиб корро оғоз намудем.
— Оё ба рассомон фаҳмонидани идеяи худ ва умумман дар вақти эҷодиёт робита бо онҳо дар ин намоишнома осон буд? -
— Маҳз барои ин намоиш ба хулосае омадем, ки ороиши саҳна бояд рамзӣ бошад на ин, ки ҳаётӣ. Рамзе бошад, ки дарду дили қаҳрамонҳои ин асарро бояд иброз карда тавонад. Ба ҳамин хотир мо хеле фикр кардем якчанд гуна рамзҳоро фикр кардем, ки кадоми онҳо метавонад образи ин ё он қаҳрамонро кушода диҳад. Ниҳоят баъди баҳсҳои зиёд ба ҳамин хулосае омадем, ки ҳамин ороише, ки шумо тамошо кардед, ба ҳамин истодагарӣ кунем ва ин ороиш ба намоиш мувофиқ аст.
— Тайёрӣ ба эҷоди чунин як намоишнома чӣ тавр гузашт?
— Албатта осон набуд, душвориҳое дошт. Зеро, ки вақте эҷодкор, ҳунарманд нақш меофарад, ин нақшашро аз ҳаёт мегирад.
Масалан агар мо нақши муаллимро иҷро кунем, мо ҳадди ақал бо якчанд муаллимон суҳбат мекунем ва тарзи зисту зиндагонии онҳоро мо меомӯзем ва баъд мо нақши муаллимро хуб иҷро хоҳем кард. Аммо дар ин намоиш нақши “террорист”, ки буд, ин хеле душвортар буд.
© SputnikСцена из спектакля "Стоп-террор"
Сцена из спектакля Стоп-террор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Сцена из спектакля "Стоп-террор"
Хислатҳои психологии террористро дарк кардан, тарзи гапзанӣ, рафтору кирдори онро дарк намуда, ҳазм карда, сипас онро ба як нақш табдил доданд, камтар мушкилиро пеш овард. Мо якчанд маълумотҳоро омӯхта ин образро сохтем ва ман гумон мекунам, ҳунармандоне, ки дар ин намоиш нақш меофаранд аз уҳдаи нақшҳои худ, хуб баромаданд.
— Шумо ин намоишномаро эҷод кардед вале ҳанӯз ба саҳна набаромада ба Русия рафтед. Оё зиндагӣ дар Русия ба Шумо барои беҳтар фаҳмидани мушкилиҳои муҳоҷирон кӯмак мекунад? Шумо дар Русия чи кору нақшаҳо доред?
— Албатта ба муҳоҷират ба Русия сафар кардани ман сабабҳои гуногунро дорад. Пеш аз ҳама шароити иқтисоди оилавӣ аст, ки ман бо ҳамин сабаб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам ва аз кори дӯстдоштаи худ даст кашидам.
Вале, ин дар дили ман ҳаст ва рӯзе мерасад, ки ман боз ба театр бармегардам ва боз ба фаъолияти эҷодӣ машғул мешавам.
Албатта ман дар Русия қарор дорам бо якчанд муҳоҷирон вомехурем, суҳбат мекунем, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешавам ва бисёр чизҳоро ҳоло мебинам ва дарк мекунам, душвории онҳоро. Ва мебинам, ки онҳо чи тавр дар муҳоҷират зиндагӣ доранд.
Оғози дурахшони сайри эҷодии театри ба номи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видео
— Ҳадаф аз эҷоди ин намоишномаи “Стоп террор” чист? Шумо кадом ақидаи асосиро ба тамошобин расонидан мехоҳед?
— Театр мактаби ҳаёт аст, мактаби зиндагӣ аст. Аҳли ҳунар бояд бо намоишномаҳои худ мардумро, ҷомеаро бояд бо роҳи рост ҳидоят намоянд.
Ин намоишнома ҳам мақсади асосии худро дошт, ки ин ҳам бошад эмин доштани ҷавонони имрӯзаи мо аз гумроҳ шудан, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстрамизм ҳамроҳ нашудан, яъне бо роҳи рост ҳидоят намудан аст.
Зеро вазифаи театр ҳам ҳамин аст, ки ҷомеаи имрӯзаро, алалхусус ҷавононро ҳушдор диҳад ва он муаммоҳое, ки ҳаст бояд ба тарзи зинда, бо санъати театрӣ бояд пешниҳод намояд ва то ҳадди имкон роҳҳали ин ё он мушкилиро пешниҳод карда тавонад.
Ҳадафи намоишномаи “Стоп террор” ҳам ҳамин аст, ки ҷавонон бо роҳи рост раванд, ба илму дониш машғул шаванд на ин, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ шомил шуда ҳаёти худу пайвандонашонро қурбон кунанд.
Оё ҳангоми кор бо чунин як мавзӯи ҳассос ва мушкили ҷаҳонӣ ягон монеа ва ё шубҳа пеш наомад?
— Ягона монеа ҳамин буд, ки чи тавр бояд, нақши “террорист” ро иҷро кард. Дар умум монеаҳои ҷиддӣ набуданд. Албатта барои коргардон каме душворӣ он буд, ки тарзи пешниҳоди намоиш бояд чи гуна бошад.
Хеле фикр кардам, ки чи гуна ин намоишномаро пешниҳод намоем, ки ҳам барои мардуми тоҷик наздик бошад ва агар имкон даст диҳад, ин намоишро берун аз кишвар барорем ба онҳо ҳам наздик бошад.
Проект реконструкции здания Государственного драматического театра имени В.Маяковского - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Тоҷикистону Русия дар бораи намои театри Маяковский дар Душанбе ба мувофиқа расиданд
Яъне намоиш бояд оммафаҳм бошад. Ба мардумони дорои фарҳангу маданияти гуногун ин намоиш фаҳмо бошад. Ба ҳамин хотир ҳам мо номи намоишномаро “Стоп террор” гузоштем, зеро стоп ҳам ва террор ҳам калимаи ҷаҳонӣ аст ва ба ҳамагон мазмуни ин калимаҳо фаҳмо аст. Мо номи намоишномаро “Стоп террор” гузоштем ва ба тамоми халқиятҳои дунё ин чиз равшан бошад.
Ҳамкасбон ва тамошобинон ба эҷодиёти Шумо чӣ гуна баҳо доданд? Оё Шумо дар бораи муаррифии он дар хориҷи кишвар фикр кардед?
— Албатта 7 соле, ки ман ҳамчун саркоргардони театр фаъолият бурдам дар театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мо бо намоишномаҳои худ дар ҳафт ҷашнвораҳои муътабари байналмиллалӣ иштирок намуда эҷодиёти худро барои дигар кишварҳо муаррифӣ кардем.
Ҳар як намоише, ки ман мегузорам, як шохаи нақшаҳои ман ҳам ҳамин аст, ки ҳам ба мардуми тоҷик ин чиз фаҳмо бошад ва ҳам дар берун аз кишвар писанди дигарон гардад.
© Из личного архиваРежиссер Сухроб Шехов
Режиссер Сухроб Шехов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Режиссер Сухроб Шехов
Умедвор ҳастам, ки ин намоишнома ҳам маъруфият пайдо мекунад ва ба дигар кишварҳо, кишварҳои ҳамсоя, дӯст пешниҳод карда мешавад то он, ки тамоми мардумони кишварҳои дӯсту бародарамонро аз ҳамин роҳи бад, аз терроризму экстремизм ҳифз кунем, эмин дорем. Бояд халқҳо бо ҳам дӯст бошанд, иттифоқ бошанд ва барои иҷрои корҳои нек қувваи худро сарф кунанд.
— Ҳоло бо роҳбарияти театри ба номи Камоли Хуҷандӣ иртибот доред?
— Ростӣ то ҳол барои суҳбат кардан имкон даст надодааст. Он кас ҳам хеле серкору ман ҳам ин ҷо дар талоши зиндагии худ ҳастам. Ин, ки имкон шуд, суҳбат мекунем. Ташаккур барои суҳбат, шоду муваффақ бошед!
Лентаи хабарҳо
0