https://sputnik.tj/20241026/eron-mushakho-isroil-muvaffaqona-bozdosht-1064868147.html
Эрон гуфт, мушакҳои Исроилро муваффақона боздошт
Эрон гуфт, мушакҳои Исроилро муваффақона боздошт
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раисҷумҳури ҶИЭ Муҳаммад Ориф дар як навиштааш дар шабакаи Х гуфтааст, ки иқдомоти кишвараш душманро хору забун хоҳад кард
2024-10-26T11:47+0500
2024-10-26T11:47+0500
2024-10-26T12:10+0500
эрон
исроил
ховари миёна
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_265:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_65b2863b2e152f4a8a0293ae39d66132.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ҳамлаи шабонаи Исроил ба Эрон осебҳои маҳдуде, доштааст.Дар ин бора Равобити умумии қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе эълом карда гуфтааст, ки ҳоло зарар баррасӣ мешавад.Сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии ин кишвар мегӯяд, ки ҳуҷуми Исроилро ба нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ кард.Дар пайи ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон шаби шанбе ҳаракати ҳавоӣ дар Эрон, ки қатъ шуда буд, дигарбора ба ҳолати муқаррарӣ аз сар гирифта шуд, гуфт намояндаи расмии Созмони авиатсияи граждании Эрон Чаъфар Язерлу ба истинод ба агентии Fars.Пас аз ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон чизе тағйир накардааст, мактабҳо дар кишвар ба таври маъмулӣ фаъолият мекунанд, гуфт намояндаи расмии вазорати маориф ва илми Эрон Алӣ Фарҳодӣ ба агентии ИРНА."Имрӯз, 26 октябри соли 2024 дар тамоми мактабҳои кишвар кушода ва мактаббачагон ба таври муқаррарӣ таҳсил мекунанд", - гуфт Фарҳодӣ.Ҳамзамон Эрон гуфт, ки Исроил ба корхонаи коркарди нафти Теҳрон ҳамла накардааст ва он ба таври муқаррарӣ кор мекунад.Дар ин бора як намояндаи расмии заводи нафттозакунии Теҳрон ба агентии Nour News хабар додааст.Муовини раисҷумҳури ҶИЭ Муҳаммад Ориф дар як навиштааш дар шабакаи Х гуфтааст, ки иқдомоти кишвараш душманро хору забун хоҳад кард.Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20241026/isroil-eron-hamla-kard-1064867870.html
эрон
исроил
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_1175:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_fe8029d3cb390470a0331d23e9f5b5ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон мушакҳои исроил муваффақ боздошт
эрон мушакҳои исроил муваффақ боздошт
Эрон гуфт, мушакҳои Исроилро муваффақона боздошт
11:47 26.10.2024 (Навсозишуда: 12:10 26.10.2024) Муовини раисҷумҳури ҶИЭ Муҳаммад Ориф дар як навиштааш дар шабакаи Х гуфтааст, ки иқдомоти кишвараш душманро хору забун хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ҳамлаи шабонаи Исроил ба Эрон осебҳои маҳдуде, доштааст.
Дар ин бора Равобити умумии қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе эълом карда гуфтааст, ки ҳоло зарар баррасӣ мешавад.
Сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии ин кишвар мегӯяд, ки ҳуҷуми Исроилро ба нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ кард.
Дар пайи ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон шаби шанбе ҳаракати ҳавоӣ дар Эрон, ки қатъ шуда буд, дигарбора ба ҳолати муқаррарӣ аз сар гирифта шуд, гуфт намояндаи расмии Созмони авиатсияи граждании Эрон Чаъфар Язерлу ба истинод ба агентии Fars.
Пас аз ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон чизе тағйир накардааст, мактабҳо дар кишвар ба таври маъмулӣ фаъолият мекунанд, гуфт намояндаи расмии вазорати маориф ва илми Эрон Алӣ Фарҳодӣ ба агентии ИРНА.
"Имрӯз, 26 октябри соли 2024 дар тамоми мактабҳои кишвар кушода ва мактаббачагон ба таври муқаррарӣ таҳсил мекунанд", - гуфт Фарҳодӣ.
Ҳамзамон Эрон гуфт, ки Исроил ба корхонаи коркарди нафти Теҳрон ҳамла накардааст ва он ба таври муқаррарӣ кор мекунад.
Дар ин бора як намояндаи расмии заводи нафттозакунии Теҳрон ба агентии Nour News хабар додааст.
Муовини раисҷумҳури ҶИЭ Муҳаммад Ориф дар як навиштааш дар шабакаи Х гуфтааст, ки иқдомоти кишвараш душманро хору забун хоҳад кард.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.