https://sputnik.tj/20241026/isroil-eron-hamla-kard-1064867870.html
Исроил ба Эрон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод
Исроил ба Эрон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти Исроил барои ҳамла ба Эрон бо номи рамзии "Рӯзҳои тавба" сурат гирифта, Теҳрон то кунун аз паймадҳои ин ҳамла расман хабар надодааст
2024-10-26T10:26+0500
2024-10-26T10:26+0500
2024-10-28T00:55+0500
эрон
исроил
дар ҷаҳон
ҳамлаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064879148_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_0a11ec048d8d152215dd70f146b7ca7d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард. Ин аввалин амалиёти низомии Исроил дар қаламрави Эрон аст, ки мақомот расман масъулияти онро ба ӯҳда гирифтаанд.Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд. Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.Амалиёти Исроил барои ҳамла ба Эрон бо номи рамзии "Рӯзҳои тавба" сурат гирифт, хабар медиҳад хабарнигори Axios Барак Равид дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X бо истинод ба брифинги намояндагони нерӯҳои дифои Исроил.Нерӯҳои дифои ҳавоии Эрон гуфтанд, ки ҳамалот ба як қатор марказҳои низомӣ дар вилоятҳои Теҳрон, Хузистон ва Илам Эрон сурат гирифт.Ҷониби Эрон, тавре ки хабаргузории давлатии Эрон Tasnim бо такя ба як манбаи баландпоя хабар дод, омода аст ба Исроил посух диҳад.Шабакаи CBS News бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки ҳамлаи Исроил ба Эрон танҳо бо ҳадафҳои низомӣ буд ва ба таъсисоти ҳастаӣ ва нафтӣ дахл накардааст.Ба гуфтаи манобеъ, паёми исроилӣ як талош барои маҳдуд кардани табодули идомаи ҳамлаҳо миёни Исроил ва Эрон ва ҷилавгирӣ аз густариши бештаре будааст.Ба гузориши ин портал, Исроил ҳамчунин ба Эрон ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаи тарҳрезишуда вокуниш нишон надиҳад ва таъкид кардааст, ки агар Теҳрон интиқом бигирад, Тел-Авив бо ҳамлаи боз ҳам тавонотар посух хоҳад дод, бахусус дар сурати осеб дидани мардуми осоишта. Дар ҳамин ҳол, Шон Саветт, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед қаблан аз Эрон даъват карда буд, ки ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ кунад, то ин давраи ҷанг бидуни ташдиди бештаре поён ёбад.
https://sputnik.tj/20241006/eron-muqovimat-mustaqim-isroil-senariya-amal-tahiya-1064607650.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064879148_40:0:1861:1366_1920x0_80_0_0_96a5bd9420d62d8f286816c4cb5b2061.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, исроил, дар ҷаҳон, ҳамлаи мушакӣ
эрон, исроил, дар ҷаҳон, ҳамлаи мушакӣ
Исроил ба Эрон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод
10:26 26.10.2024 (Навсозишуда: 00:55 28.10.2024) Амалиёти Исроил барои ҳамла ба Эрон бо номи рамзии "Рӯзҳои тавба" сурат гирифта, Теҳрон то кунун аз паймадҳои ин ҳамла расман хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Ин аввалин амалиёти низомии Исроил дар қаламрави Эрон аст, ки мақомот расман масъулияти онро ба ӯҳда гирифтаанд.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
Амалиёти Исроил барои ҳамла ба Эрон бо номи рамзии "Рӯзҳои тавба" сурат гирифт, хабар медиҳад хабарнигори Axios Барак Равид дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X бо истинод ба брифинги намояндагони нерӯҳои дифои Исроил.
Нерӯҳои дифои ҳавоии Эрон гуфтанд, ки ҳамалот ба як қатор марказҳои низомӣ дар вилоятҳои Теҳрон, Хузистон ва Илам Эрон сурат гирифт.
Ҷониби Эрон, тавре ки хабаргузории давлатии Эрон Tasnim бо такя ба як манбаи баландпоя хабар дод, омода аст ба Исроил посух диҳад.
Шабакаи CBS News бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки ҳамлаи Исроил ба Эрон танҳо бо ҳадафҳои низомӣ буд ва ба таъсисоти ҳастаӣ ва нафтӣ дахл накардааст.
"Исроилиҳо қаблан барои эрониҳо муаян карда буданд, ки ба кадоме аз ҳадафҳо ҳамла хоҳанд кард ва ба кадоме нахоҳанд кард",- гуфтааст манбаъ.
Ба гуфтаи манобеъ, паёми исроилӣ як талош барои маҳдуд кардани табодули идомаи ҳамлаҳо миёни Исроил ва Эрон ва ҷилавгирӣ аз густариши бештаре будааст.
Ба гузориши ин портал, Исроил ҳамчунин ба Эрон ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаи тарҳрезишуда вокуниш нишон надиҳад ва таъкид кардааст, ки агар Теҳрон интиқом бигирад, Тел-Авив бо ҳамлаи боз ҳам тавонотар посух хоҳад дод, бахусус дар сурати осеб дидани мардуми осоишта.
Дар ҳамин ҳол, Шон Саветт, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед қаблан аз Эрон даъват карда буд, ки ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ кунад, то ин давраи ҷанг бидуни ташдиди бештаре поён ёбад.