Дар таваллудхонаҳои Душанбе системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мешавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПеринатальный центр. Иллюстративное фото
Перинатальный центр. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2024
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам намуда, эҳтимоли хатогиҳоро коҳиш медиҳад.
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Интизор меравад дар таваллудхонаҳои Душанбе системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ шавад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҷорӣ кардани системаи мазкур дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ бо иштироки муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода ва Зулфия Абдусаматзода, муовини вазир даври омӯзишӣ баргузор шуд.
Намояндагони вазорат аз табибону мутахассисон даъват намуданд, ки дар даври омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани системаи номбурда кушиш ва талош намоянд.
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2024
Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд
Зикр гардид, ки пас аз анҷоми даври омӯзишӣ дар чор таваллудхонаи омӯзишии пойтахт системаи мазкур ҷорӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода таъкид намуд, ки ин система барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст.
"Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад", - изҳор дошт Шамсуллозода.
Ба таъкиди ӯ, маълумоти дар вақтҳои муайян ҷамъовардашуда имкон медиҳад, ки тадбирҳои саривақтӣ барои беҳтар намудани вазъи тандурустии аҳолӣ андешида шаванд.
Гуфта мешавад, афзалияти асосии система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ва беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ арзёбӣ гардида, ҳамзамон автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам ва эҳтимоли хатогиҳоро кам мекунад.
14 ҳазор тифли навзод дар ду моҳ: Афзоиши зоиш дар Хатлон
Зикр мегардад, ки системаи электронӣ метавонад бо платформаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҳамгиро шуда, арзиши онро барои таҳлил дар сатҳҳои баландтар боло барад.
Афзалияти дигари система дар нигоҳдории маълумот ва махфияти он низ ном бурда мешавад. Система ба таври қатъӣ меъёрҳои амнияти иттилоотиро риоя мекунад, ки ин кафолати муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд.
Лентаи хабарҳо
0