https://sputnik.tj/20240224/shumora-aholi-tojikiston-afzud-1061828934.html
Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд
Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Таваллуд ба ҷуз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Душанбе, НТМ ва вилоятҳои Суғду Хатлон афзоиш ёфтааст 24.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-24T17:30+0500
2024-02-24T17:30+0500
2024-02-24T17:30+0500
дар тоҷикистон
омор
иҷтимоъ
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_df366bda77a6c739797eb2f4a253607f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ 2 дарсад афзуд, хабар медиҳад Оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон.Тибқи маълумоти оморӣ, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1 январи соли равон 10 277,1 ҳазор нафарро ташкил дод. Оҷонсӣ зикр намуд, ки дар ин давра дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 239,9 ҳазор нафар таваллудшудагон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуданд.Ҳамчунин қайд гардид, ки соли гузашта ба қайд гирифтани таваллуд дар давраи муқаррарнамудаи қонун 4 %афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, афзоиши бақайдгирии таваллуд дар тамоми минтақаҳо ба ҷуз ВМКБ мушоҳида мешавад.Бақайдгирии таваллуд дар шаҳру вилоятҳо ҳоло чунин аст:Хатлон - 5,5 %;Суғд -2,8%;Душанбе - 7,4%;НТҶ - 2,3 % афзуд. Зимнан, дар ВМКБ баръакс бақайдгирии таваллуд 10,5% кам шудааст.
https://sputnik.tj/20231123/omori-demografi-sughd-tavallud-kamu-favt-ziyod-1060576302.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_0e37d31f5ea195fdd25758e8a1a4a6d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, омор, иҷтимоъ, аҳолӣ
дар тоҷикистон, омор, иҷтимоъ, аҳолӣ
Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд
Таваллуд ба ҷуз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Душанбе, НТМ ва вилоятҳои Суғду Хатлон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ 2 дарсад афзуд, хабар медиҳад Оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти оморӣ, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1 январи соли равон 10 277,1 ҳазор нафарро ташкил дод.
"Афзоиши табиии аҳолӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба як соли пеш 3,9 % афзуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Оҷонсӣ зикр намуд, ки дар ин давра дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 239,9 ҳазор нафар таваллудшудагон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки соли гузашта ба қайд гирифтани таваллуд дар давраи муқаррарнамудаи қонун 4 %афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, афзоиши бақайдгирии таваллуд дар тамоми минтақаҳо ба ҷуз ВМКБ мушоҳида мешавад.
Бақайдгирии таваллуд дар шаҳру вилоятҳо ҳоло чунин аст:
Хатлон - 5,5 %;
Суғд -2,8%;
Душанбе - 7,4%;
НТҶ - 2,3 % афзуд.
Зимнан, дар ВМКБ баръакс бақайдгирии таваллуд 10,5% кам шудааст.