https://sputnik.tj/20241021/qurb-asor-tojikiston-rubl-garon-1064791792.html
Қурби асъор дар Тоҷикистон: рубл каме гарон шуд
Қурби асъор дар Тоҷикистон: рубл каме гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба нишондиҳандаи танзимгари асъор дар кишвар, қимати пули русӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷумъаи гузашта о,9 сомонӣ гарон шудааст
2024-10-21T09:22+0500
2024-10-21T09:22+0500
2024-10-21T09:22+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299495_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_bb324b4170660f56fc40adc0c54ccdf6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи хориҷӣ эълом кард.Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст.Дар ҳоли ҳозир як ҳазор рубл ба 110,3 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди охири ҳафтаи гузашта 0,9 сомонӣ болотар аст.Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоӣ ҳам рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.6579 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,6630 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ поин рафта ҳар евро 11,5672 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,5819 сомонӣ медоданд.Маврид ба зикр аст, ки асъори русӣ дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин арзҳо ба шумор меравад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20241011/hissai-rubl-dodugirifti-tojikiston-rusiya-1064676163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299495_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e1c6b7db08f5979078d445a0ba1403ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурби асъор тоҷикистон рубл гарон
қурби асъор тоҷикистон рубл гарон
Қурби асъор дар Тоҷикистон: рубл каме гарон шуд
Бино ба нишондиҳандаи танзимгари асъор дар кишвар, қимати пули русӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷумъаи гузашта о,9 сомонӣ гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи хориҷӣ эълом кард.
Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст.
Дар ҳоли ҳозир як ҳазор рубл ба 110,3 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди охири ҳафтаи гузашта 0,9 сомонӣ болотар аст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоӣ ҳам рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.6579 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,6630 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ поин рафта ҳар евро 11,5672 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,5819 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки асъори русӣ дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин арзҳо ба шумор меравад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.