https://sputnik.tj/20241021/ojonsi-mansabdore-khatlon-qallobi-suitifoda-mansab-bozdosht-1064800154.html
Оҷонсӣ мансабдореро дар Хатлон барои қаллобиву суитифодаи мансаб боздошт кард
Оҷонсӣ мансабдореро дар Хатлон барои қаллобиву суитифодаи мансаб боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба асоси моддаҳои мазкур, гумонбарро аз 8 то 12 сол ҳукми зиёндон ва ё ҷароими ҳангуфт бо маҳрумият аз ишғоли фазифаҳо интизор аст 21.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-21T13:05+0500
2024-10-21T13:05+0500
2024-10-21T13:29+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як мансабдор зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ барои қаллобӣ дастгир шудааст.Дар ин бора аз оҷонсии зидди фасод хабар дода гуфтанд, ки дастгиршуда М.Ш мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур мебошад.Ба иттилои манбаъ, мавсуф, ҳам дар замони раиси Ҷамоати деҳоти Каленини тайи солҳои 2020 то 2023 ва ҳам дар мансаби охираш ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро содир намудааст.Гуфта мешавад, ки мавсуф замони раиси ҷамоат буданаш, барои додани замин аз ду шаҳрванд 87000 сомонӣ гирифтаастҲамчунин дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ давоми соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифтааст.Оҷонсӣ мегӯяд, номбурда дар ду ҳолат ҳам ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намуд.Ҳамакнун алайҳи мансабдор бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.Ба асоси моддаҳои мазкур, гумонбарро аз 8 то 12 сол ҳукми зиёндон ва ё ҷароими ҳангуфт бо маҳрумият аз ишғоли фазифаҳо интизор аст.
https://sputnik.tj/20240808/maqomot-shahr-nohiyaho-fasodzada-sugd-1063855790.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Оҷонсӣ мансабдореро дар Хатлон барои қаллобиву суитифодаи мансаб боздошт кард
13:05 21.10.2024 (Навсозишуда: 13:29 21.10.2024) Ба асоси моддаҳои мазкур, гумонбарро аз 8 то 12 сол ҳукми зиёндон ва ё ҷароими ҳангуфт бо маҳрумият аз ишғоли фазифаҳо интизор аст
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як мансабдор зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ барои қаллобӣ дастгир шудааст.
Дар ин бора аз оҷонсии зидди фасод хабар дода гуфтанд, ки дастгиршуда М.Ш мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур мебошад.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф, ҳам дар замони раиси Ҷамоати деҳоти Каленини тайи солҳои 2020 то 2023 ва ҳам дар мансаби охираш ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро содир намудааст.
Гуфта мешавад, ки мавсуф замони раиси ҷамоат буданаш, барои додани замин аз ду шаҳрванд 87000 сомонӣ гирифтааст
Ҳамчунин дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ давоми соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифтааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, номбурда дар ду ҳолат ҳам ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намуд.
Ҳамакнун алайҳи мансабдор бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Ба асоси моддаҳои мазкур, гумонбарро аз 8 то 12 сол ҳукми зиёндон ва ё ҷароими ҳангуфт бо маҳрумият аз ишғоли фазифаҳо интизор аст.