https://sputnik.tj/20240808/maqomot-shahr-nohiyaho-fasodzada-sugd-1063855790.html
Кадом шаҳру ноҳияҳои Суғд фасодзадаанд?: Шарҳи мақомот
Кадом шаҳру ноҳияҳои Суғд фасодзадаанд?: Шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳру ноҳияҳои Суғд гуфта мешаванд, ки давоми шаш моҳи охир содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар сабт шудааст
2024-08-08T17:59+0500
2024-08-08T17:59+0500
2024-08-08T18:18+0500
дар тоҷикистон
суғд
фасод
коррупсия
фасодзада
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/12/1024221203_0:364:1365:1132_1920x0_80_0_0_66fc3641aa39cbdcc5fe8bf260a3305e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар ин бора аз мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.Салимзода Сафар, сардори Идораи мубориза бо фасод дар шарҳи ин иттилоъ гуфт, ки дар ин давра 258 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор карда шудааст.Бино ба иттилоъи манбаъ, содиршавии шумори ҷиноятҳо дар як қатор шаҳру навоҳии Суғд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ бештар содир шудааст.Ин мақомдори Ожонсӣ афзуд, ки дар ин давра шумори содиршавии ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии Суғд нисбатан коҳиш ёфтааст.Инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Истиқлол ва Зафаробод будаанд, ки аз як то 8 ҳолати ҷинояткорӣ сабт шудааст.Мақомоти мубориза бо коррупсия дар ин миён Айнӣ ва Шаҳристонро ду ноҳияи орӣ аз фасодкорӣ дар феҳраст шомил кардаанд.Аз ҳисоби ошкоршавии 258 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар вилояти Суғд ҳудуди 10 милион сомонӣ маблағи зарар ба фоидаи давлат руёнида шудааст.
https://sputnik.tj/20240808/maqomot-oshkori-se-amali-terroristi-tojikiston-khabar-dod-1063852417.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/12/1024221203_0:236:1365:1260_1920x0_80_0_0_0736dddc0379bea6afc741e0e21bab5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фасод, суғд, фасодзада, минтақа, ҷиноят, коррупсия
тоҷикистон, фасод, суғд, фасодзада, минтақа, ҷиноят, коррупсия
Кадом шаҳру ноҳияҳои Суғд фасодзадаанд?: Шарҳи мақомот
17:59 08.08.2024 (Навсозишуда: 18:18 08.08.2024) Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳру ноҳияҳои Суғд гуфта мешаванд, ки давоми шаш моҳи охир содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ он ҷо бештар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар ин бора аз мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.
Салимзода Сафар, сардори Идораи мубориза бо фасод дар шарҳи ин иттилоъ гуфт, ки дар ин давра 258 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор карда шудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ, содиршавии шумори ҷиноятҳо дар як қатор шаҳру навоҳии Суғд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ бештар содир шудааст.
“Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 77 ҷиноят, Исфара 53 адад, Деваштич 21 адад, Ҷаббор Расулов 20 адад, Бӯстон 6 адад ва шаҳри Гулистон 5 адад содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст” – гуфт, Салимзода.
Ин мақомдори Ожонсӣ афзуд, ки дар ин давра шумори содиршавии ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии Суғд нисбатан коҳиш ёфтааст.
Инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Истиқлол ва Зафаробод будаанд, ки аз як то 8 ҳолати ҷинояткорӣ сабт шудааст.
Мақомоти мубориза бо коррупсия дар ин миён Айнӣ ва Шаҳристонро ду ноҳияи орӣ аз фасодкорӣ дар феҳраст шомил кардаанд.
Аз ҳисоби ошкоршавии 258 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар вилояти Суғд ҳудуди 10 милион сомонӣ маблағи зарар ба фоидаи давлат руёнида шудааст.