Бозии финалии дастаҳои "Регар ТадАЗ" ва "Хуҷанд" чӣ гуна гузашт? – видео

Обуна шудан
Ҳарду даста талошҳои зиёд мекарданд, ки барандаи бозӣ шаванд ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оранд
Рақобати финалии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд” -и Хуҷанд бо бохти хуҷандиён поён ёфт.
Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо иштироки бештар аз 13 ҳазор тамошобин доир шуд.
Ҳисоби бозӣ 2:1 бар нафъи регариҳо ба анҷом расид.
Ду голи регариҳоро легионерҳо Бикатал ва Фримпон заданд, ягона голи "Хуҷанд"-ро аз тариқи пеналти Қараев зад.
Ин дар ҳолест, ки барои тамошои бозӣ ҳазорон ҳаводор, махсусан аз шаҳри Хуҷанд ба “Истаравшан арена”омада буданд.
Тими “Регар-ТадАЗ” бо шикасти "Хуҷанд" соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд
Дастаи “Хуҷанд" баробари маҳрумият аз ҷом ҳамчунин аз 100 ҳазор сомонӣ пули ваъдагии сарпарастон низ маҳрум шуд.
Ба ин даста аз ҷониби масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон 40 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ғолиб “Регар - тадАЗ” 60 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид.
Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” билохира пас аз 12 соли талошҳо дигарбора Ҷоми Тоҷикистон - 2024-ро ба даст овард. Зимнан ин 7 -умин пирӯзии ин даста дар тӯли 32 соли баргузории Ҷоми Тоҷикистон рақам зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0