Тими “Регар-ТадАЗ” бо шикасти "Хуҷанд" соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

© Foto / FC Regar-TadAZ TursunzodaКлуб "Регар-ТадАЗ" из Турсунзаде выиграл Кубок Таджикистана-2024
Клуб Регар-ТадАЗ из Турсунзаде выиграл Кубок Таджикистана-2024  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2024
Обуна шудан
Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода билохира пас аз 12 соли талошҳо дигарбора Ҷоми Тоҷикистон-2024-ро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Рақобати финалии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд” бо шикасти хуыандиён поён ёфт.
Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир шуда, бо ҳисоби 1:2 ба анҷом расид.
Ду голи регариҳоро легионерҳо Бикатал ва Фримпон заданд, ягона голи "Хуҷанд"-ро аз тариқи пеналти Қараев зад.
Сармураббиҳои тимҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” пеш аз бозии Ҷоми Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2024
Бозии рӯз: “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” барои Ҷоми Тоҷикистон сабқат мекунанд
Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, Зайниддин Раҳимов, сармураббии "Регар-ТадАЗ" гуфта буд, ки барои ҷом тамоми иконотро сарф хоҳанд кард ва билохира ҳам кард.
"Расо 12 сол мешавад, ки "Регар-ТадАЗ" Ҷоми Тоҷикистонро ба даст наоварда буд. Фурсати ислоҳ кардани вазъият фаро расид",- гуфт ӯ дар суҳбат бо хабанигорон.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистонро иттилоъ дод, барои тамошои бозӣ ҳазорон ҳаводор, махсусан аз шаҳри Хуҷанд омада буданд.
Дар ҳамин ҳол тими "Хуҷанд" баробари маҳрумият аз ҷом ҳамчунин аз 100 ҳазор сомонӣ пули ваъдагии сарпарастон низ маҳрум шуд.
Лентаи хабарҳо
0