https://sputnik.tj/20241020/khatlon-mahsulot-kishovarzi-istehsol-1064784323.html
Дар Хатлон ба маблағи 28 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Дар Хатлон ба маблағи 28 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Sputnik Тоҷикистон
То 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ дар майдони 434 ҳазор гектар ғалла, пахта, сабзавот ва картошка кошта шудааст
2024-10-20T15:15+0500
2024-10-20T15:15+0500
2024-10-21T00:14+0500
дар тоҷикистон
хатлон
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925805_0:154:1080:762_1920x0_80_0_0_9612a04082a8735a5565ab66ec7a8f00.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар 9 моҳ 28,3 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,5% бештар аст. Чунончи, то 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлок дар майдони 434 ҳазор гектар зироатҳои хоҷагии қишлоқ кошта шудааст: ғалла — 191,6 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ - 132 ҳазор гектар, пахта — 120,7 ҳазор гектар, сабзавот — 39.765 ҳазор гектар, картошка — 13.723 ҳазор гектар. Таъкид гардид, ки кишти зироатҳои кишоварзӣ 6,6% таъмин шудааст.Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи август дар ҷануби Тоҷикистон – дар вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то рӯзи 16 сентябр 26,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 8,9%-и нақшаи умумии вилоятро ташкил медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят. Дар Тоҷикистон пахтакорӣ қариб 20%-и аҳолии мамлакатро бо кор таъмин карда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагй мебошад.
https://sputnik.tj/20241019/khatlon-viloyat-leningrad-samtho-nav-hamkori-mejuyand-1064780493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925805_0:53:1080:863_1920x0_80_0_0_9281d1d3f6c4727417bd630f858dd7e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, хатлон, кишоварзӣ
Дар Хатлон ба маблағи 28 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
15:15 20.10.2024 (Навсозишуда: 00:14 21.10.2024) То 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ дар майдони 434 ҳазор гектар ғалла, пахта, сабзавот ва картошка кошта шудааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар 9 моҳ 28,3 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,5% бештар аст.
Чунончи, то 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлок дар майдони 434 ҳазор гектар зироатҳои хоҷагии қишлоқ кошта шудааст:
ғалла — 191,6 ҳазор гектар,
зироатҳои техникӣ - 132 ҳазор гектар,
пахта — 120,7 ҳазор гектар,
сабзавот — 39.765 ҳазор гектар,
картошка — 13.723 ҳазор гектар.
Таъкид гардид, ки кишти зироатҳои кишоварзӣ 6,6% таъмин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи август дар ҷануби Тоҷикистон – дар вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то рӯзи 16 сентябр 26,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 8,9%-и нақшаи умумии вилоятро ташкил медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Дар Тоҷикистон пахтакорӣ қариб 20%-и аҳолии мамлакатро бо кор таъмин карда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагй мебошад.