Хатлон ва вилояти Ленинград самтҳои нави ҳамкориро меҷӯянд

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиВстреча главы Хатлонской области с делегацией Ленинградской области Российской Федерации
Встреча главы Хатлонской области с делегацией Ленинградской области Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2024
Обуна шудан
Дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ ва содиротии "Хатлон Инвест" соҳибкорони русу тоҷик робита барқарор мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ба мувофиқа расиданд.
Роҳҳои нави ҳамкориҳо дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ ва содиротии "Хатлон Инвест" аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини аввали раиси вилояти Ленинград Роман Марков баррасӣ шуданд.
Давлаталӣ Саид ин дидор ва ширкати ҳайати расмии вилояти Ленинградро дар ин ҳамоиш як қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистону Русия ва ҷустуҷӯи имконоти нави ҳамкориҳо унвон кард.
Раиси вилояти Хатлон маълумотро дар бораи иқтидори саноатӣ ва кишоварзии минтақа пешниҳод намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро бо шарикони рушд номбар намуд.
Таджикские фрукты и овощи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард
Иштирокчиёни вохӯрӣ нақши муҳими сарони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳо қайд карданд – ба шарофати мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳо мақоми махсуси шарикии стратегӣ пайдо карданд.
Русия тайи ҳамкориҳои чандинсола бо Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷӣ пешсаф аст.
Давлаталӣ Саида ва Роман Марков тадбирҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии Хатлон ва вилояти Ленинградро баррасӣ карданд.
То имрӯз дар вилояти Хатлон бо минтақаҳои Русия беш аз 10 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, равобити тиҷоративу иқтисодӣ рушд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0