ИИАО дар бораи ҳамкорӣ бо Чин мувофиқат кард

© Foto / Деловой совет ЕАЭС Сергей Михневич

Сергей Михневич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2024
Обуна шудан
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин ба тавсеаи равобит, аз ҷумла ташкили форумҳои гуногун ва ЭКСПО ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Меморандуми имзошуда миёни Шӯрои соҳибкорони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи Чин оид ба мусоидат ба савдои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки монеаҳо бартараф карда шаванд ва робитаҳои тиҷорӣ байни кишварҳои узви созмон ҶМЧ боз ҳам инкишоф дода шаванд.
Дар ин бора котиби иҷроияи Шӯрои соҳибкорони ИИАО Сергей Михневич ба Sputnik хабар дод.
"Сухан на танҳо дар бораи табодули иттилоот оид ба шартҳои ҳамкорӣ, балки дар бораи ҳалли муштараки мушкилоти амалӣ - мусоидат дар рафъи маҳдудиятҳо, ташкили форумҳои гуногун, ЭКСПО низ меравад", - гуфт ӯ.
Ёддошти тафоҳумро раиси Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорони Русия, узви Президиуми Шӯрои тиҷоратии ИИАО Александр Шохин ва муовини раиси Кумитаи Чин оид ба мусоидат ба савдои байналмилалӣ Чжан Шаоган имзо карданд.
Монумент Азади в Тегеране, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2024
Эрон эҳтимол то охири сол мақоми нозир дар ИИАО -ро ба даст орад
Қаблан дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ширкаткунандагон дар бораи барқарор кардани равобити зич миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси сармоягузории Чин “Як камарбанд – як роҳ” пешниҳодҳо карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0