https://sputnik.tj/20241016/eron-okhir-sol-maqom-nozir-iiao-1064740748.html
Эрон эҳтимол то охири сол мақоми нозир дар ИИАО -ро ба даст орад
Эрон эҳтимол то охири сол мақоми нозир дар ИИАО -ро ба даст орад
Sputnik Тоҷикистон
Феълан дархости Эрон барои дарёфти мақоми нозирӣ дар ИИАО мавриди баррасӣ қарор дорад ва моҳи декабр ин ҳуҷҷат барои тасвиб ба сарони кишварҳои узви иттҳодия пешниҳод мешавад
2024-10-16T19:14+0500
2024-10-16T19:14+0500
2024-10-16T19:14+0500
эрон
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e3207ca1cc012892ee39e3de00206eb0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Эрон метавонад то охири сол мақоми нозир дар ИИАО ба даст орад.Дар ин бора Гоҳар Барсегён, узви ҳайати мушовара (вазири) оид ба саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, дархости Эрон дар мавриди мақоми нозирӣ дар иттиҳодия феълан мавриди баррасӣ қарор дорад.Барсегён илова намуд, ки ҳуҷҷати дахлдор мебояд моҳи декабр барои тасдиқ кардан ба роҳбарони кишварҳои узви ИИОА пешниҳод гардад.Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Индонезия ба имзо расад. Эрон ба зудӣ метавонад мақоми нозирӣ дар ИИАО-ро ба даст орад"Мо бо Индонезия барои имзои созишномаи тиҷорати озод аз соли 2022 гуфтушунид дорем. Панҷ даври гуфтушунид барпо гардид. Созишнома дар марҳилаи баланди омодагӣ қарор дорад ва ба зудӣ барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод хоҳад шуд", - гуфт Барсегян. Вай санаи дақиқро нагуфт, зеро "бисёр чиз аз шарикон вобаста аст", аммо пешниҳод кард, ки баимзорасонӣ охири соли 2024 ё аввали соли 2025 сурат мегирад.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_650d14221f07fb69e37a525859dd7d8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон ииао мақоми нозир
Эрон эҳтимол то охири сол мақоми нозир дар ИИАО -ро ба даст орад
Феълан дархости Эрон барои дарёфти мақоми нозирӣ дар ИИАО мавриди баррасӣ қарор дорад ва моҳи декабр ин ҳуҷҷат барои тасвиб ба сарони кишварҳои узви иттҳодия пешниҳод мешавад
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Эрон метавонад то охири сол мақоми нозир дар ИИАО ба даст орад.
Дар ин бора Гоҳар Барсегён, узви ҳайати мушовара (вазири) оид ба саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дархости Эрон дар мавриди мақоми нозирӣ дар иттиҳодия феълан мавриди баррасӣ қарор дорад.
Барсегён илова намуд, ки ҳуҷҷати дахлдор мебояд моҳи декабр барои тасдиқ кардан ба роҳбарони кишварҳои узви ИИОА пешниҳод гардад.
"Мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои гирифтани мақоми нозир дархост гирифтем. Ҳоло ин ариза тибқи тартиби муқарраршуда дар Комиссияи Авруосиё баррасӣ мешавад. Мо нақша дорем, ки онро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Олӣ дар моҳи декабр барои тасвиб ба сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пешниҳод кунем", - гуфт намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Индонезия ба имзо расад.
"Мо бо Индонезия барои имзои созишномаи тиҷорати озод аз соли 2022 гуфтушунид дорем. Панҷ даври гуфтушунид барпо гардид. Созишнома дар марҳилаи баланди омодагӣ қарор дорад ва ба зудӣ барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод хоҳад шуд", - гуфт Барсегян.
Вай санаи дақиқро нагуфт, зеро "бисёр чиз аз шарикон вобаста аст", аммо пешниҳод кард, ки баимзорасонӣ охири соли 2024 ё аввали соли 2025 сурат мегирад.