https://sputnik.tj/20241016/sodirot-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-rusiya-afzud-1064735281.html
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзуд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ асосан содироти нахи пахта, меваю сабзавот ва меваи хушк ба Русия зиёд шудааст
2024-10-16T13:59+0500
2024-10-16T13:59+0500
2024-10-16T13:59+0500
русия
дар тоҷикистон
маҳсулот
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/35/1031323529_0:66:3076:1796_1920x0_80_0_0_78cc1dffc305d20a058aff3639bf055c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 30% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба хабаргузории "Известия" бо истинод ба муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ хабар дод.Муовини вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон интиқоли нахи пахта ба Русия 62%, меваю сабзавот 47% ва меваи хушкро 60% афзоиш додааст. Анварӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкорӣ бо Русияро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ мустаҳкам кунад ва аз ин бештар маҳсулотро содирот кунад.Қаблан, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишасти хабарӣ Русияро кишвари асосӣ барои содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон номид.Ӯ гуфт, саҳми Русия дар харидории маҳсулоти Тоҷикистон аз рӯи арзиш қариб ба 50% расидааст.
https://sputnik.tj/20240803/shariki-asosi-sodiroti-tavlidoti-kishovarzii-tojikiston-rusiya-1063791610.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/35/1031323529_188:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_d4bc88458aa5dccf4f7aa8f043160dfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия маҳсулоти кишоварзӣ
тоҷикистон русия маҳсулоти кишоварзӣ
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзуд
Ба иттилои муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ асосан содироти нахи пахта, меваю сабзавот ва меваи хушк ба Русия зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора ба хабаргузории "Известия" бо истинод ба муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ хабар дод.
"Дар нӯҳ моҳи соли равон содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия беш аз 30% афзуд. Дар баробари ин воридот аз русия ба Тоҷикистон низ ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 38% зиёд шудааст", - тавзеҳ додааст Анварӣ.
Муовини вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон интиқоли нахи пахта ба Русия 62%, меваю сабзавот 47% ва меваи хушкро 60% афзоиш додааст.
Анварӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкорӣ бо Русияро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ мустаҳкам кунад ва аз ин бештар маҳсулотро содирот кунад.
Қаблан, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишасти хабарӣ Русияро кишвари асосӣ барои содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон номид.
Ӯ гуфт, саҳми Русия дар харидории маҳсулоти Тоҷикистон аз рӯи арзиш қариб ба 50% расидааст.