https://sputnik.tj/20240803/shariki-asosi-sodiroti-tavlidoti-kishovarzii-tojikiston-rusiya-1063791610.html
“Шарики асосӣ”: содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
“Шарики асосӣ”: содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
Sputnik Тоҷикистон
Русия кишвари асосӣ барои содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
2024-08-03T16:45+0500
2024-08-03T16:45+0500
2024-08-03T16:45+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
кишоварзӣ
шарики асосӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057235413_0:20:1280:740_1920x0_80_0_0_3400398bdfbde8f9e9457bb8750a3523.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Саҳми Русия дар харидории маҳсулоти Русия аз рӯи арзиш қариб ба 50% расидааст.Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, новобаста аз эъломи таҳримҳо аз сӯи бархе кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар дар самти маводи ғизоӣ бидуни вақфа ва мушкили хос рушд мекунад.“Бархе мушкилҳо дар марз бо Русия пеш омаданд, ки марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ буданд ва ҳоло ду кишвар сари ин музокирот дорем, ки содироти рақамиро ба роҳ монем, яъне ҳуҷҷатгузорӣ тариқи онлайн сурат гирад. Масалан, вақте як тоҷир бор мебарад, аз қабл бояд харидораш маълум бошад. Аз сӯи дигар, мо аз “Ростехнадзор” – и Русия хостем, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад ва арзёбиҳои бехтариро ҳамин ҷо анҷом диҳад”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.Вай афзуд, Агентии содирот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкатҳои Федератсияи Русия - “МаксиФрут”, “Гранд Трейд”, “Меридиан”, ширкатҳои қазоқистонии “Казтрейд” ва “Касум Групп” ва ширкатҳои кишвари Белорус - “Просторитрейл” ва “Евроторг” дар ин самт шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.Ба қавли ӯ, ҳоло ин шарикони тиҷоратӣ аз Русияву Белорус дархост фиристодаанд, ки зиёда аз 2000 тон ангур, 400 тон олуи сиёҳ, 300 тон тарбузу харбуза ва 300 тон хурмо фиристем.“Ҳудуди 70% - ин супоришҳо ба ширкатҳои Русия рост меояд. Масалан, мавсими ангур дар Тоҷикистон ҳоло нав шуруъ шуд ва мавсими хурмо ҳанӯз шуруъ нашудааст ва ба ин маъност, ки содирот дар ин самт боз афзойиш хоҳад ёфт”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар умум тайи ним соли аввал аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар 74 ҳазору 714 тон мева, сабзавот ва меваи хушк содир намудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта (102 ҳазору 766 тон) 27,3% кам аст. Аммо ба ҳисоби маблағ ҳаҷми фурӯш 23 миллиону 619 ҳазору 435 долларро ташкил мекунад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 (23 миллиону 80 ҳазору 679) 2,3% афзудааст.Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 11 миллиону 601 ҳазору 930 доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст, ки дар қиёс бо соли 2023 (8 миллиону 905 ҳазору 769 доллар) 30,3% зиёд аст (фарқ – 2 миллиону 696 ҳазору 161 доллар). Ба ҳисоби вазн соли равон 11 ҳазору 407, 1 тон меваву сабзавот ва меваи хушк содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023 (11 ҳазору 340, 2 тон) 0,6% зиёд аст.
https://sputnik.tj/20240802/tojikistonu-rusiya-furushi-barq-az-nbo-sangtuda-1-barrasi-namudand-1063779184.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057235413_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_a361560602b0f17988f5062e88a1c0a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, содирот, маҳсулот, кишоварзӣ, тавлидот, шарики асосӣ
русия, тоҷикистон, содирот, маҳсулот, кишоварзӣ, тавлидот, шарики асосӣ
“Шарики асосӣ”: содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
Русия кишвари асосӣ барои содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Саҳми Русия дар харидории маҳсулоти Русия аз рӯи арзиш қариб ба 50% расидааст.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, новобаста аз эъломи таҳримҳо аз сӯи бархе кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар дар самти маводи ғизоӣ бидуни вақфа ва мушкили хос рушд мекунад.
“Бархе мушкилҳо дар марз бо Русия пеш омаданд, ки марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ буданд ва ҳоло ду кишвар сари ин музокирот дорем, ки содироти рақамиро ба роҳ монем, яъне ҳуҷҷатгузорӣ тариқи онлайн сурат гирад. Масалан, вақте як тоҷир бор мебарад, аз қабл бояд харидораш маълум бошад. Аз сӯи дигар, мо аз “Ростехнадзор” – и Русия хостем, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад ва арзёбиҳои бехтариро ҳамин ҷо анҷом диҳад”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, Агентии содирот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкатҳои Федератсияи Русия - “МаксиФрут”, “Гранд Трейд”, “Меридиан”, ширкатҳои қазоқистонии “Казтрейд” ва “Касум Групп” ва ширкатҳои кишвари Белорус - “Просторитрейл” ва “Евроторг” дар ин самт шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
“Дар умум мо ба ин ширкатҳо 1446 тон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1095 тон пиёз, 275 тон олу, 40 тон лаблабу, 18,5 тон шафтолу ва 17,5 тон қаламфури ширин (булғорӣ) дастрас намудем”, - гуфт директори Агентии содироти Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, ҳоло ин шарикони тиҷоратӣ аз Русияву Белорус дархост фиристодаанд, ки зиёда аз 2000 тон ангур, 400 тон олуи сиёҳ, 300 тон тарбузу харбуза ва 300 тон хурмо фиристем.
“Ҳудуди 70% - ин супоришҳо ба ширкатҳои Русия рост меояд. Масалан, мавсими ангур дар Тоҷикистон ҳоло нав шуруъ шуд ва мавсими хурмо ҳанӯз шуруъ нашудааст ва ба ин маъност, ки содирот дар ин самт боз афзойиш хоҳад ёфт”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар умум тайи ним соли аввал аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар 74 ҳазору 714 тон мева, сабзавот ва меваи хушк содир намудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта (102 ҳазору 766 тон) 27,3% кам аст. Аммо ба ҳисоби маблағ ҳаҷми фурӯш 23 миллиону 619 ҳазору 435 долларро ташкил мекунад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 (23 миллиону 80 ҳазору 679) 2,3% афзудааст.
Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 11 миллиону 601 ҳазору 930 доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст, ки дар қиёс бо соли 2023 (8 миллиону 905 ҳазору 769 доллар) 30,3% зиёд аст (фарқ – 2 миллиону 696 ҳазору 161 доллар). Ба ҳисоби вазн соли равон 11 ҳазору 407, 1 тон меваву сабзавот ва меваи хушк содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023 (11 ҳазору 340, 2 тон) 0,6% зиёд аст.