https://sputnik.tj/20241015/peterburg-kor-muhojiron-naqliyot-jamiyat-1064721276.html
Петербург аз манъи кори муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пуштибонӣ накард
Петербург аз манъи кори муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пуштибонӣ накард
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт ва зерсохтори нақлиётӣ бар ин бовар аст, ки бо хориҷ кардани муҳоҷирон аз бозор ин соҳа хароб мешавад
2024-10-15T15:49+0500
2024-10-15T15:49+0500
2024-10-15T15:49+0500
русия
муҳоҷират
нақлиёт
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064723244_19:562:2660:2048_1920x0_80_0_0_253076ba30a5808bf1bf6d290bdfedd6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Санкт-Петербург муқобили манъ кардани муҳоҷирон аз кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ баромаданд.Аз ҷумла Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт ва зерсохтори нақлиётӣ муқобили манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳа шуд.Далели аслӣ алайҳи тасмими маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург ин камбуди нерӯи корӣ арзёбӣ шуд.Аз ҷумла эълом шуд, ки саҳми муҳоҷирон дар бахши нақлиёт ҳудуди 20% буда, дар маҷмӯъ камбуди ронандагон аз 25% зиёд шудааст.Аъзоёни Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт бар ин назаранд, ки бо хориҷ кардани муҳоҷирон аз бозор ин соҳа дар Петербург хароб хоҳад шуд.Дар баробари ин аъзоёни комиссия пешнидод карданд, ки барои рафъи камомади ронандагон бояд масъалаи баланд кардани ҳақмузди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.Қаблан Вазорати меҳнат ибтикори тағйири низоми феълии ҷалби муҳоҷирон ба кор дар Русия ва аз ҷумла, даст кашидан аз вуруди озоди онҳо ба кишварро ба ӯҳда гирифта буд.
https://sputnik.tj/20240502/mintaqa-rusiya-taksironi-muhojiron-man-1062698968.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064723244_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_7235e8314ebe92aa63c0ae7ec885f5b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
петербург муҳоҷир
Петербург аз манъи кори муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пуштибонӣ накард
Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт ва зерсохтори нақлиётӣ бар ин бовар аст, ки бо хориҷ кардани муҳоҷирон аз бозор ин соҳа хароб мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Санкт-Петербург муқобили манъ кардани муҳоҷирон аз кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ баромаданд.
Аз ҷумла Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт ва зерсохтори нақлиётӣ муқобили манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳа шуд.
Далели аслӣ алайҳи тасмими маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург ин камбуди нерӯи корӣ арзёбӣ шуд.
Аз ҷумла эълом шуд, ки саҳми муҳоҷирон дар бахши нақлиёт ҳудуди 20% буда, дар маҷмӯъ камбуди ронандагон аз 25% зиёд шудааст.
Аъзоёни Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт бар ин назаранд, ки бо хориҷ кардани муҳоҷирон аз бозор ин соҳа дар Петербург хароб хоҳад шуд.
Дар баробари ин аъзоёни комиссия пешнидод карданд, ки барои рафъи камомади ронандагон бояд масъалаи баланд кардани ҳақмузди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.
Қаблан Вазорати меҳнат ибтикори тағйири низоми феълии ҷалби муҳоҷирон ба кор дар Русия ва аз ҷумла, даст кашидан аз вуруди озоди онҳо ба кишварро ба ӯҳда гирифта буд.