https://sputnik.tj/20240502/mintaqa-rusiya-taksironi-muhojiron-man-1062698968.html
Як минтақаи дигари Русия таксирониро барои муҳоҷирон манъ кард
Як минтақаи дигари Русия таксирониро барои муҳоҷирон манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Манъи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи таксиро 82% шаҳрвандони минтақаи Русия, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштаанд, дастгирӣ карданд
2024-05-02T14:55+0500
2024-05-02T14:55+0500
2024-05-02T14:55+0500
дар русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
такси
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062697785_0:26:3087:1762_1920x0_80_0_0_3409e4926dc6d6dab43b2d22d51c0d92.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба муҳоҷирон дар вилояти Курск кор кардан дар бахши таксиронӣ манъ карда шуд.Дар ин бора губернатори вилояти Русия Роман Старовойт хабар дод. Вай ҳушдор дод, ки чунин мамнӯъиятҳо метавонанд дар дигар соҳаҳо низ ҷорӣ шаванд.Қаблан, рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар шабакаи Telegram назарсанҷӣ анҷом дод, ки дар он имкон буд, аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар кори шаҳрвандони хориҷӣ дар таксиҳо ҷонибдорӣ ё муқобили он изҳори назар кард. Тибқи натиҷаҳои пурсиш, 82% иштирокчиён ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд. Ёдовар мешавем, ки мамнӯъияти кор дар таксиҳо барои муҳоҷирон алакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга ва Тюмен ва ҳамчунин дар Ёқутистон ва Қрим низ амал мекунад.
https://sputnik.tj/20240418/rusiya-qoidaho-nav-imtihonho-muhojiron-1062533448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062697785_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_a781e398bf766c1b5f2ed3f30d8f29df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
минтақа русия таксиронӣ муҳоҷирон манъ
минтақа русия таксиронӣ муҳоҷирон манъ
Як минтақаи дигари Русия таксирониро барои муҳоҷирон манъ кард
Манъи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи таксиро 82% шаҳрвандони минтақаи Русия, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштаанд, дастгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба муҳоҷирон дар вилояти Курск кор кардан дар бахши таксиронӣ манъ карда шуд.
Дар ин бора губернатори вилояти Русия Роман Старовойт хабар дод.
Вай ҳушдор дод, ки чунин мамнӯъиятҳо метавонанд дар дигар соҳаҳо низ ҷорӣ шаванд.
"Ман дар пеши назари шумо қарореро имзо мекунам, ки дар он манъи ҷалби муҳоҷирон барои кор дар таксиҳо дар дигар соҳаҳо низ қабул карда мешавад",- гуфт дар ҷаласаи фаврӣ Старовойт.
Қаблан, рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар шабакаи Telegram назарсанҷӣ анҷом дод, ки дар он имкон буд, аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар кори шаҳрвандони хориҷӣ дар таксиҳо ҷонибдорӣ ё муқобили он изҳори назар кард.
Тибқи натиҷаҳои пурсиш, 82% иштирокчиён ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки мамнӯъияти кор дар таксиҳо барои муҳоҷирон алакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга ва Тюмен ва ҳамчунин дар Ёқутистон ва Қрим низ амал мекунад.