https://sputnik.tj/20241015/naqliyot-musofirbar-barqi-harakati-mikroavtobusho-barqi-dushanbe-1064713762.html
Ҳаракати аввалин микроавтобусҳои барқӣ дар кӯчаҳои Душанбе
Ҳаракати аввалин микроавтобусҳои барқӣ дар кӯчаҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин микроавтобусҳои барқӣ ба кор дароварда шуданд
2024-10-15T09:36+0500
2024-10-15T09:36+0500
2024-10-15T13:17+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
мусофирбар
душанбе
барқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_76e94c356b1c87b323e60d545bc3550f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар кӯчаҳои Душанбе ҳаракати микроавтобусҳои Foton Toano, ки 17 нафар мусофир ва ронандаро ҷойгир мекунанд роҳандозӣ шудааст."Дар айни замон мо 6 адад микроавтобусро ба роҳ баровардем. Ба қарибӣ шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд, - гуфт директори ширкати "Аҳмар", ки автобусҳои барқиро дар Душанбе ба кор андохтааст. - Мо аллакай дистрибютори расмии Foton дар Тоҷикистон ҳастем ва метавонем чунин моделҳоро барои эҳтиёҷоти дигар низ ворид созем", - қайд кардааст вазорат.Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад.Яъне, як заряд кифоя аст, ки микроавтобус ба мусофирон якчанд рӯзи пурраи корӣ бидуни барқгирӣ хизмат расонад.Барқикунонии нақлиёт дар Душанбе тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар доираи "Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028 сурат мегирад.То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд пурра ба таксиҳои барқӣ гузарад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳрдории Душанбе эълон карда буд, ки дар ояндаи наздик автобусҳои мусофирбарӣ низ бо автобусҳои барқӣ иваз карда мешаванд."Дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.Қаблан электробусҳои нав, ки дар корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд муаррифӣ шуданд.Гуфта мешавад, электробусҳо 12 метр дарозӣ дошта имкони ғунҷондани 100 мусофирро доранд. Ҷои нишаст бошад барои 32 мусофир пешбинӣ шудааст.Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи соли равон ба кишвар 5266 адад худравҳои барқӣ ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20241014/khatsayri-navi-avtobus-miyoni-tojikistonu-uzbekiston--1064708835.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_10:0:2677:2000_1920x0_80_0_0_2f314ae32fc7a0a4551d12c1779363a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, микроавтобусҳои барқӣ, ҳаракат
тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, микроавтобусҳои барқӣ, ҳаракат
Ҳаракати аввалин микроавтобусҳои барқӣ дар кӯчаҳои Душанбе
09:36 15.10.2024 (Навсозишуда: 13:17 15.10.2024) Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин микроавтобусҳои барқӣ ба кор дароварда шуданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар кӯчаҳои Душанбе ҳаракати микроавтобусҳои Foton Toano, ки 17 нафар мусофир ва ронандаро ҷойгир мекунанд роҳандозӣ шудааст.
"Дар айни замон мо 6 адад микроавтобусро ба роҳ баровардем. Ба қарибӣ шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд, - гуфт директори ширкати "Аҳмар", ки автобусҳои барқиро дар Душанбе ба кор андохтааст. - Мо аллакай дистрибютори расмии Foton дар Тоҷикистон ҳастем ва метавонем чунин моделҳоро барои эҳтиёҷоти дигар низ ворид созем", - қайд кардааст вазорат.
Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад.
Яъне, як заряд кифоя аст, ки микроавтобус ба мусофирон якчанд рӯзи пурраи корӣ бидуни барқгирӣ хизмат расонад.
Барқикунонии нақлиёт дар Душанбе тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар доираи "Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028 сурат мегирад.
То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд пурра ба таксиҳои барқӣ гузарад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳрдории Душанбе эълон карда буд, ки дар ояндаи наздик автобусҳои мусофирбарӣ низ бо автобусҳои барқӣ иваз карда мешаванд.
"Дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.
Қаблан электробусҳои нав, ки дар корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд муаррифӣ шуданд.
Гуфта мешавад, электробусҳо 12 метр дарозӣ дошта имкони ғунҷондани 100 мусофирро доранд. Ҷои нишаст бошад барои 32 мусофир пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи соли равон ба кишвар 5266 адад худравҳои барқӣ ворид шудааст.