Хатсайри нави автобус миёни Тоҷикистону Узбекистон

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтобус. Архивное фото
Автобус. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2024
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти кишвар аз бозшавии боз як хатсайри нави автобус миёни Тоҷикистон ва Узбекистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Акнун ҳар рӯз аз шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканди Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон автобус равуо хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хатсайри нав аз ҷониби ширкати "Olmaliq Isuzu Trans"-и Узбекистон дар ҳамкорӣ бо ширкати "Khujand Trans Service" ташкил карда шудааст ва дар асоси шартнома амал мекунад.
Қайд карда шудааст, ки аз Олмалиқ автобус соати 7 субҳ ба роҳ мебарояд.
“Нархи роҳкиро 60 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 50 сомонӣ) – ро ташкил медиҳад. Автобуси бозгашт аз Хуҷанд рӯзи дигар соати 10:00 ҳаракат мекунад ва соати 15:00 ба Олмалик мерасад. Нархи роҳкиро 60 сомонӣ мебошад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Самолет Узбекских авиалиний. Архивное фото.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Баррасии ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистону Узбекистон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҳайати чанд нафарӣ аз Тоҷикистон ба хотири амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ба Узбекистон сафар намуданд.
Дар доираи сафар гурӯҳи кории "Тоҷикаэронавигатсия" бо роҳбарони Корхонаи "Узаэронавигатсия" мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилооти зарурӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0