https://sputnik.tj/20241014/qurb-rubl-tojikiston-kame-bolo-1064700055.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Рубли русӣ дар баробари пули миллӣ пас аз муддати башиддат коҳишёбӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст. Ҳамчунин доллару евро ҳам қимат шудаанд
2024-10-14T09:27+0500
2024-10-14T09:27+0500
2024-10-14T18:02+0500
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
қурби асъор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299308_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_91ab168206141c8287755dd73da2230b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи хориҷӣ эълом кард.Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ пас аз муддати башиддат коҳишёбӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст.Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 110,7 сомонӣ аст.Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои охири ҳафтаи қаблӣ 1,7 сомонӣ бештар аст.Нархи пули амрикоӣ ҳам, ҳафтаро бо гаронӣ оғоз кард. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.6500 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,6624 сомонӣ қимат дорад.Қурби пули аврупоӣ низ боло рафта ҳар евро 11,6572 сомонӣ қимат доред. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,6426 сомонӣ медоданд.Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20241011/hissai-rubl-dodugirifti-tojikiston-rusiya-1064676163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299308_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b84ab29cd32e0eba7816977801295131.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон боло
қурб рубл тоҷикистон боло
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
09:27 14.10.2024 (Навсозишуда: 18:02 14.10.2024) Рубли русӣ дар баробари пули миллӣ пас аз муддати башиддат коҳишёбӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст. Ҳамчунин доллару евро ҳам қимат шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи хориҷӣ эълом кард.
Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ пас аз муддати башиддат коҳишёбӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кардааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 110,7 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои охири ҳафтаи қаблӣ 1,7 сомонӣ бештар аст.
Нархи пули амрикоӣ ҳам, ҳафтаро бо гаронӣ оғоз кард. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.6500 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,6624 сомонӣ қимат дорад.
Қурби пули аврупоӣ низ боло рафта ҳар евро 11,6572 сомонӣ қимат доред. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,6426 сомонӣ медоданд.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.