https://sputnik.tj/20241014/khujand-rahmon-qarorgohi-mesozand-aks-1064709681.html
Дар Хуҷанд барои Раҳмон қароргоҳи нав месозанд - акс
Дар Хуҷанд барои Раҳмон қароргоҳи нав месозанд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кард
2024-10-14T16:59+0500
2024-10-14T16:59+0500
2024-10-14T16:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қароргоҳ
сохтмон
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0e/1064710835_0:50:1280:770_1920x0_80_0_0_8da6eb1d07842ed809fa6dba2c8c5378.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тарҳи нави Қароргоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хубар додааст.“Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нав хоҳад шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.Қайд карда шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кард.Қайд карда шудааст, ки бинои қароргоҳ бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта мешавад.“Иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20240407/tamir-qalai-khujand-holi-anjomyobist-video-1062370593.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0e/1064710835_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2f1dc212e8b882a3b2b2ace33112b38c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, раҳмон, қароргоҳ, сохтмон, раисҷумҳур
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, раҳмон, қароргоҳ, сохтмон, раисҷумҳур
Дар Хуҷанд барои Раҳмон қароргоҳи нав месозанд - акс
Раиси вилояти Суғд бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тарҳи нави Қароргоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хубар додааст.

Проект новой резиденции главы государства в Худжанде

Штаб-квартира Главы государства в городе Худжанд

Штаб-квартира Главы государства в городе Худжанд
Проект новой резиденции главы государства в Худжанде
Штаб-квартира Главы государства в городе Худжанд
Штаб-квартира Главы государства в городе Худжанд
“Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нав хоҳад шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки бинои қароргоҳ бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта мешавад.
“Иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.