Баррасии ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистону Узбекистон

© Foto / Пресс-служба Uzbekistan AirportsСамолет Узбекских авиалиний. Архивное фото.
Самолет Узбекских авиалиний. Архивное фото.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Обуна шудан
Ҳайати чанд нафарӣ аз Тоҷикистон ба хотири амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ба Узбекистон сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия" гурӯҳи кории "Тоҷикаэронавигатсия" ба Узбекистон сафар намуд.
Дар ин бора , дафтари матбуоти "Тоҷикаэронавигатсия" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи нақшаи чорабиниҳое мебошад, ки дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд.
Дар доираи сафар гурӯҳи кории "Тоҷикаэронавигатсия" бо роҳбарони Корхонаи "Узаэронавигатсия" мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилооти зарурӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Шавкат Мирзиёев в рамках программы визита в Таджикистан провел встречу с Председателем Маджлиси наояндагон Маджлиси Оли Махмадтоиром Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Зокирзода: Мардумони Тоҷикистону Узбекистон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманданд
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Тошканд, манораи муназзимӣ ва бахши шаҳрвандии маркази асосӣ шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ёддошти ҳамкорӣ байни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия" ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0