Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд аломатгузории марзро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба президента КыргызстанаФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2024
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баррасиҳои таъйини хутути марзро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки музокирот аз 7 октябр то 13 октябри соли 2024 идома ёфт.
"Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд", - гуфт манбаъ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баррасиҳоро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати намояндагони ду ҷонибро нашр накарда, танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон умедвор аст, ки масоили марз бо Тоҷикистонро бо роҳи осоишта ҳал кунад
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
Лентаи хабарҳо
0