https://sputnik.tj/20241011/qirghiziston-masoili-marz-tojikiston-rohi-osoishta-1064683398.html
Қирғизистон умедвор аст, ки масоили марз бо Тоҷикистонро бо роҳи осоишта ҳал кунад
Қирғизистон умедвор аст, ки масоили марз бо Тоҷикистонро бо роҳи осоишта ҳал кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси порлумони Қирғизистон ахиран гуфт, ки дар солҳои ахир Душанбе ва Бишкек дар робита ба масоили марзӣ беш аз 10 мулоқот баргузор кардаанд
2024-10-11T16:42+0500
2024-10-11T16:42+0500
2024-10-11T16:42+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бишкек манфиатдор аст, ки масъалаи марз бо Тоҷикистон бо роҳи сулҳ ҳал шавад, гуфт раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон.Вай зимни суханронии худ ҳамчунин ба густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар таваҷҷӯҳ кард.Раиси порлумон таъкид кард, ки тайи ду соли ахир даҳҳо мулоқоти раҳбарони кишварҳо ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ баргузор шудааст.Вай қайд кард, ки дипломатияи парлумонӣ низ дар густариши робитаҳо саҳми бузург дорад ва иброз дошт, ки вакилон бояд корҳоро барои таъмини қонунгузории тавофуқоти ҳосилшуда фаъол созанд."Соли гузашта раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар чорабиниҳои бахшида ба 85-солагии порлумони Қирғизистон ва 95-солагии нависандаи бузург Чингиз Айтматов иштирок дошт. Имрӯз мо дар Конфронси бахшида ба 30-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон иштирок дорем ва онро метавон идомаи анъанаи муштараки шодӣ миёни мардуми ҳамсоя арзёбӣ кард", - таъкид кард ӯ.Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот дар бораи аломатгузории он (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита) аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.Бояд гуфт, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ин кишвар демаркатсия ва делимитатсияи марзи худро бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба истиснои Тоҷикистон анҷом додааст.
https://sputnik.tj/20241011/matvienko-rahmon-mushkiloti-muhojironi-tojik-rusiya-1064675997.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, осоишта, ҳал, душанбе, бишкек, масоили марз
тоҷикистон, қирғизистон, марз, осоишта, ҳал, душанбе, бишкек, масоили марз
Қирғизистон умедвор аст, ки масоили марз бо Тоҷикистонро бо роҳи осоишта ҳал кунад
Раиси порлумони Қирғизистон ахиран гуфт, ки дар солҳои ахир Душанбе ва Бишкек дар робита ба масоили марзӣ беш аз 10 мулоқот баргузор кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бишкек манфиатдор аст, ки масъалаи марз бо Тоҷикистон бо роҳи сулҳ ҳал шавад, гуфт раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон.
Вай зимни суханронии худ ҳамчунин ба густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар таваҷҷӯҳ кард.
"Мо бояд робитаҳои байни Қирғизистону Тоҷикистонро бар асоси натиҷаҳои бадастовардаи президентҳои ду кишвар таҳким бахшем. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳамеша мавқеъи моро вобаста ба ҳалли осоишта ва дипломатии мушкили марз таъкид мекунад", - таъкид кардааст раиси парлумони Қирғизистон.
Раиси порлумон таъкид кард, ки тайи ду соли ахир даҳҳо мулоқоти раҳбарони кишварҳо ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ баргузор шудааст.
Вай қайд кард, ки дипломатияи парлумонӣ низ дар густариши робитаҳо саҳми бузург дорад ва иброз дошт, ки вакилон бояд корҳоро барои таъмини қонунгузории тавофуқоти ҳосилшуда фаъол созанд.
"Соли гузашта раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар чорабиниҳои бахшида ба 85-солагии порлумони Қирғизистон ва 95-солагии нависандаи бузург Чингиз Айтматов иштирок дошт. Имрӯз мо дар Конфронси бахшида ба 30-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон иштирок дорем ва онро метавон идомаи анъанаи муштараки шодӣ миёни мардуми ҳамсоя арзёбӣ кард", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот дар бораи аломатгузории он (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита) аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ин кишвар демаркатсия ва делимитатсияи марзи худро бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба истиснои Тоҷикистон анҷом додааст.