https://sputnik.tj/20241012/neruho-spad-tojikiston-tamrinhoi-rubezh-jam-1064692700.html
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон барои тамринҳои "Марз-2024" ҷамъ мешаванд
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон барои тамринҳои "Марз-2024" ҷамъ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи машқҳо иштирокчиён омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро машқ мекунанд. 12.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-12T12:49+0500
2024-10-12T12:49+0500
2024-10-12T12:49+0500
дар тоҷикистон
спад
марз
тамрин
тамрин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064688037_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_df92221e0e28e25d1c9ee24e08008f96.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои баргузории тамриноти “Марз-2024” ба Тоҷикистон ворид мешаванд.Дар ин бора маркази матбуъотии муштараки СПАД хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, тамринот аз 11 то 14 октябр дар машқгоҳи "Ҳарбмайдон" барпо мегарданд. Дафтари матбуот тавзеҳ додааст, ки яке аз авлавиятҳои ҳамкориҳои низомӣ беҳбуди истиқрори фаврии нерӯҳои СПАД, аз ҷумла транзити бидуни монеаи контингентҳо мебошад."Дар Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон <...> тамрини муштарак баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД таҷовуз намудаанд, баррасӣ мешаванд",- афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ки як ҷанбаи муҳим дар ҷараёни машқҳо ҳамкорӣ бо воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20240918/spad-barnoma-tahkim-marzi-tojikiston-afghoniston-1064378788.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064688037_197:0:1637:1080_1920x0_80_0_0_a8fe31b6d62bdd80682f8c3803f0d243.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, спад, марз, тамрин, тамрин
дар тоҷикистон, спад, марз, тамрин, тамрин
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон барои тамринҳои "Марз-2024" ҷамъ мешаванд
Дар доираи машқҳо иштирокчиён омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро машқ мекунанд.
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои баргузории тамриноти “Марз-2024” ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Дар ин бора маркази матбуъотии муштараки СПАД хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тамринот аз 11 то 14 октябр дар машқгоҳи "Ҳарбмайдон" барпо мегарданд.
"Мувофиқи нақша контингентҳои нерӯҳои СПАД аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба минтақаи тамринот фиристода мешаванд", - омадааст дар хабар.
Дафтари матбуот тавзеҳ додааст, ки яке аз авлавиятҳои ҳамкориҳои низомӣ беҳбуди истиқрори фаврии нерӯҳои СПАД, аз ҷумла транзити бидуни монеаи контингентҳо мебошад.
"Дар Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон <...> тамрини муштарак баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД таҷовуз намудаанд, баррасӣ мешаванд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки як ҷанбаи муҳим дар ҷараёни машқҳо ҳамкорӣ бо воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия хоҳад буд.