Таҷлили 1035-солагии "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Маскав – видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Маскав бахшида ба 1035-солагии "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Шурои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-и ӯ дар ҳифз ва нигаҳдошти таъриху тамаддун ва забони тоҷикӣ сухан гуфт.
Сафир қайд кард, ки "Шоҳнома" ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
“Абулқосим Фирдавсӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷик, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон боқӣ мемонад”, - гуфт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар ин донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, ёдрас шуд.
Дар Маскав саҳми ибни Сино дар рушди тиб баррасӣ шуд - видео
Ӯ аз муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, ёдовар шуд.
Донишҷӯёни мактабҳои олии Русия, ки забони тоҷикиро бо шавқу рағбати зиёд аз худ мекунанд, аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд. Ҳамзамон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва достони беҳамтои ӯ "Шоҳнома" ба ҳозирин маълумот доданд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш ба меҳмонон филми ҳунарии коргардони маъруф Борис Кимёгаров "Рустам ва Суҳроб" намоиш дода шуд, ки ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.
Лентаи хабарҳо
0