https://sputnik.tj/20240822/maskav-sahmi-ibni-sino-rushdi-tib-barrasi-video-1064032910.html
Дар Маскав саҳми ибни Сино дар рушди тиб баррасӣ шуд - видео
Дар Маскав саҳми ибни Сино дар рушди тиб баррасӣ шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар конфронс бахшида ба саҳми ибни Сино дар рушди тиб олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва алоқамандони осори Ибни Сино иштирок ва суханронӣ карданд
2024-08-22T18:09+0500
2024-08-22T18:09+0500
2024-08-22T18:09+0500
видео
фарҳанг
маскав
сино
конфронс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/16/1064032731_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_4782ad4ef81be32ea53109920af68b90.jpg
Дар Москва ба ифтихори рӯзи мавлуди мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино конфронси байналмилалӣ, баргузор шуд.Конфронси мазкур рӯзи 20‑уми август дар шаҳри Маскав барпо шуд. Мавзӯи конфронс “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” буд.Дар ҳамоиш олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва хабарнигорони васоити ахбори омма, иштирок намуданд.Дар ҳамоиш оид ба таҷрибаи амалии Ибни Сино дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккир коршиносон ва муҳаққиқон суханронӣ намуданд.Вазир гуфт, ки Тоҷикистон ба чанд табиб ниёз дорадАбӯалӣ ибни Сино, 16‑уми августи соли 980, дар деҳаи Афшана наздики Бухоро ба дунё омадааст. Ӯро ҳамчун пизишк дар тамоми дунё мешиносанд ва аз осори ӯ дар соҳаи тиб истифода мекунанд. Ибни Сино ҳамчунин ахтаршинос, кимиёшинос, геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос, табииётшинос, шоир, равоншинос ва файласуфи тоҷик мебошад.Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон аст ва дар донишгоҳҳои Аврупо барои тадрис истифода мебаранд. Ӯро бо номи Авитсена дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва эътироф мекунанд.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/16/1064032731_156:0:1116:720_1920x0_80_0_0_207fced930622eaf56ecb17d40f37082.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, маскав, конфронс, ибни сино, рушд, олимон, фарҳанг
видео, маскав, конфронс, ибни сино, рушд, олимон, фарҳанг
Дар Маскав саҳми ибни Сино дар рушди тиб баррасӣ шуд - видео
Дар конфронс бахшида ба саҳми ибни Сино дар рушди тиб олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва алоқамандони осори Ибни Сино иштирок ва суханронӣ карданд
Дар Москва ба ифтихори рӯзи мавлуди мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино конфронси байналмилалӣ, баргузор шуд.
Конфронси мазкур рӯзи 20‑уми август дар шаҳри Маскав барпо шуд. Мавзӯи конфронс “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” буд.
Дар ҳамоиш олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва хабарнигорони васоити ахбори омма, иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш оид ба таҷрибаи амалии Ибни Сино дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккир коршиносон ва муҳаққиқон суханронӣ намуданд.
Абӯалӣ ибни Сино, 16‑уми августи соли 980, дар деҳаи Афшана наздики Бухоро ба дунё омадааст. Ӯро ҳамчун пизишк дар тамоми дунё мешиносанд ва аз осори ӯ дар соҳаи тиб истифода мекунанд. Ибни Сино ҳамчунин ахтаршинос, кимиёшинос, геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос, табииётшинос, шоир, равоншинос ва файласуфи тоҷик мебошад.
Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон аст ва дар донишгоҳҳои Аврупо барои тадрис истифода мебаранд. Ӯро бо номи Авитсена дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва эътироф мекунанд.