https://sputnik.tj/20241011/rahmon-voridi-shahr-ishqobodi-turkmaniston-shud-1064681827.html
Раҳмон вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд
Раҳмон вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалӣ бо сафари корӣ ба Туркманистонсафар кард
2024-10-11T12:59+0500
2024-10-11T12:59+0500
2024-10-11T13:07+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ашқобод
туркманистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064679498_0:212:2048:1364_1920x0_80_0_0_6d43007ddfb37f983156146c29298bf8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ишқобод Президенти Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.Қайд карда шудааст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони "Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф" иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.Бояд қайд кард, ки 4-5 апрел сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон сурат гирифт.Зимни сафараш ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд
https://sputnik.tj/20241010/rahmon-matvenko-hamkori-mintaqaho-kishvar-omili-robitaho-1064670831.html
ашқобод
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064679498_0:0:1819:1364_1920x0_80_0_0_fff07a47fa536c434b7c175ba2e626ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, ишқобод, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сафари корӣ
тоҷикистон, туркманистон, ишқобод, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сафари корӣ
Раҳмон вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд
12:59 11.10.2024 (Навсозишуда: 13:07 11.10.2024) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалӣ бо сафари корӣ ба Туркманистонсафар кард
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ишқобод Президенти Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони "Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф" иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Бояд қайд кард, ки 4-5 апрел сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни сафараш ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд