Раҳмон ба Матвиенко: Ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳост

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча председателя Совета Федерации Российской Федерации Валентины Матвиенко и президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Встреча председателя Совета Федерации Российской Федерации Валентины Матвиенко и президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро сурат гирифт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷуҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамкории парлумониро бахши муҳими талошҳои муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон медонад.
“Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Встреча председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустама Эмомали с Председателем Совета Федерации Валентиной Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот кард
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон зимни мулоқот таъхкид кард, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст.
Раҳбари Тоҷикистон дар мулоқот бо хонум Матвиенко изҳори боварӣ кардааст, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0