Раҳмон дар Ишқобод: Нуктаҳои муҳими суханронии президенти Тоҷикистон

© Foto / Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” дар Туркманистон ширкат кард
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ кард.
Зимни суханронии худ, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номид.
Президент кишвар таъкид намуданд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархурдор аст.
“Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд”, - гуфт ӯ.
Вай зикр кард, ки Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Раҳмон вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд
“Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин раҳбари Тоҷикистон аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0