Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд

© Foto / IRNA News AgencyМохаммад-Багер Галибаф
Мохаммад-Багер Галибаф  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2024
Обуна шудан
Раиси парлумони Эрон ба манзури ширкат дар Конфронси солгарди Қонуни асосии вориди Тоҷикистон мешавад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Муҳаммадбоқир Қолибоф раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд.
Расонаҳои эронӣ дар истинод ба раиси Гуруҳи дӯстӣ ва порлумонии Эрону Тоҷикистон аз сафари раиси маҷлис ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Конфронси солгарди Қонуни асосии ин кишвар хабар дод.
Фатҳуллоҳи Тавассулӣ таъкид кард, ки ҳайати порлумонии Эрон (чаҳоршанбе) озими Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешаванд.
“Ин сафар ба даъвати мақомоти тоҷикистонӣ анҷом мешавад ва аҳдофи чандҷониба ва дуҷониба дар ин сафар дунбол мешавад”, қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмиаш ба Эрон раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эронро дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Обсуждение двустороннего сотрудничества в Иранском городе Кирманшах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2024
Кирмоншоҳи Эрон бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон бародаршаҳр мешавад
Оқои Қолибоф пешниҳоди Рустами Эмомалиро қабул карда буд.
Рустами Эмомалӣ зимни сафараш ба Эрон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида буд, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0