https://sputnik.tj/20241003/kirmonshohi-eron-tojikiston-barodarshahr-1064574900.html
Кирмоншоҳи Эрон бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон бародаршаҳр мешавад
Кирмоншоҳи Эрон бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон бародаршаҳр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
2024-10-03T14:29+0500
2024-10-03T14:29+0500
2024-10-03T14:29+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
сиёсат
бародаршаҳрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064572893_0:92:1280:813_1920x0_80_0_0_0adcd6d927b919706f55ad3862df5324.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон дидору мулоқотҳо анҷом дод.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.Аз ҷумла тарафҳо мавсоили иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро матраҳ гардид.Ҳамчунин сафир дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо изҳори алоқамандӣ карданд.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардид.
https://sputnik.tj/20231109/khujand-tojikiston-yazdi-eron-barodarshahr-1060393497.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064572893_58:0:1195:853_1920x0_80_0_0_589822a9f660e920d5eb0491274d947c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, бародаршаҳр, сафир, кирмоншоҳ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, бародаршаҳр, сафир, кирмоншоҳ
Кирмоншоҳи Эрон бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон бародаршаҳр мешавад
Дар дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон дидору мулоқотҳо анҷом дод.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Аз ҷумла тарафҳо мавсоили иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро матраҳ гардид.
Ҳамчунин сафир дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо изҳори алоқамандӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардид.