Раҳмон ба Путин: Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастоварди ҳамаи миллатҳои Шӯравист

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча глав государств-участников СНГ
Встреча глав государств-участников СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2024
Обуна шудан
Путин бо президенти Тоҷикистон дар бораи дастоварди тамоми милатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мувофиқ аст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронии худ дар нишасти сарони ИДМ дар Маскав дар ҳайати маҳдуд ба суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар як шоми ғайрирасмӣ изҳор дошт, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дастоварди умумии миллатҳои Иттиҳоди Шӯравист, таъкид кард.
"Шаби гузашта президенти Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуд, ки пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастоварди муштараки тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аст", - гуфт Путин зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар ҳайати маҳдуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҳузур дорад.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2024
Ушаков: Масъалаи муҳоҷират ба муносибати Путину Раҳмон таъсир намерасонад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ шоми 7 октябр вориди Маскав шуд.
Нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Кремл, таҳти раёсати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сурат мегирад.
Дар ҷаласаи мазкур 14 масъала баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи мақомоти Русия сарони давлатҳо натоиҷи рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар соли 2024 ва вазифаҳои асосиро барои соли 2025 муайян мекунанд, мушкилоти кунунии минтақавию байналмиллалӣ ва иқдомоти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0