Камбуди дору намешавад: Дар ИИАО ба таври сода сабт намудани доруҳоро тамдид карданд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоТаблетки в блистере.
Таблетки в блистере. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2024
Обуна шудан
То охири соли 2024 ба кишварҳои узви ИИАО иҷозат дода мешавад, ки бақайдгирии соддакардашудаи доруҳоро муқаррар ва тамдид кунанд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Қарори Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз 6 октябр эътибор пайдо кард, хабар медиҳад рӯзномаи порлумонӣ.
Он ба таъмини дастрасии доруҳо дар пасманзари таҳримҳо нигаронида шудааст, гуфт Тамара Фролова, узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатӣ.
Тартиби муваққатӣ, ки дар ҳолатҳои фавқулодда таҳия шудааст, бақайдгирии соддакардашудаи доруҳои нав ва тағирот ба санади бақайдгирии доруҳои мавҷударо дар бар мегирад.
Чунин тадбирҳо, ба гуфтаи Фролова, гардиши бефосилаи доруҳоро таъмин намуда, хатари вуруди маҳсулоти пастсифат ба бозорро коҳиш дода, монеаҳои бюрократиро барои ширкатҳои дорусозӣ кам мекунанд.
Тегеран, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2024
Тиҷорати Эрон бо кишварҳои узви ИИАО 250% афзоиш ёфт
Ҳамин тариқ, тартиби соддакардашуда бақайдгирии давлатии доруҳое, ки ба бозор бароварда мешаванд то 30 рӯз кам карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Русия, мушкили таъмини доруворӣ дар деҳот ва манотиқи дурдаст на танҳо бо мушкилоти ташкилӣ, балки бо нарасидани кадрҳо низ рабт дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Русия стратегияи рушди саноати дорусозиро то соли 2030 тасдиқ кардааст.
Истеҳсоли доруҳои сохти Русия ба 1,4 триллион рубл мерасад, ҳиссаи доруҳои истеҳсоли Русия тақрибан 70% тамоми доруҳои фурӯхташуда дар кишварро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0