Тиҷорати Эрон бо кишварҳои узви ИИАО 250% афзоиш ёфт

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТегеран, архивное фото
Тегеран, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2024
Обуна шудан
Эрон аз рӯзи имзои созишномаи тиҷорати осозд бо кишварҳои ИИАО додугирифташро бо кишварҳои узви ин Иттиҳодия ба маротиб афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси Созмони рушди тиҷорати Эрон гуфт, гардиши моли ин кишвар бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 2,5 баробар афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “Iran.ru”.
Муҳаммад Алии Деҳғон Деҳнавӣ дар Палатаи савдо, саноат, кон ва кишоварзии Теҳрон зимни суханрониаш дар назди истеҳсолкунандагон ва тоҷирон гуфт, ки Эрон чаҳор сол қабл бо кишварҳои узви ИИАО Созишномаи тиҷорати озод баста буд, ки тибқи он боҷҳо барои мол кам карда шуд.
Муовини вазири иқтисод дар иртибот ба тавофуқномаи тиҷорати озод, ки миёни Эрон ва кишварҳои узви ин иттиҳод имзо шуд, таъкид кард, ки бандҳои ин тавофуқ дар порлумони Эрон баррасӣ мешавад, зеро ин тавофуқ бояд нахуст аз сӯи порлумонҳои кишварҳои узви ин иттиҳодия тасвиб шавад.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2024
Эрон ба зудӣ метавонад мақоми нозирӣ дар ИИАО-ро ба даст орад
Дар суханронии худ вай ба нақши калидии бахши хусусӣ ишора кард, ки метавонад ба созмон дар ҳавасмандгардонии тиҷорат бо кишварҳои узв кумак кунад.
Вай афзуд, барои афзоиши содироти ғайри нафтӣ талошҳо бояд ба истеҳсоли рақобатпазирӣ равона карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0