https://sputnik.tj/20241008/bor-payvastshavi-halqai-energetikii-om-tojikiston-1064635930.html
БОР барои пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикии ОМ ба Тоҷикистон 15 млн доллар медиҳад
БОР барои пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикии ОМ ба Тоҷикистон 15 млн доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳа омодагии низоми энергетикии Тоҷикистонро барои пешниҳоди хидматрасонӣ оид ба танзими ҷараёни барқ барои ҳамгироии энергетикӣ дар минтақа таъмин хоҳад кард
2024-10-08T18:29+0500
2024-10-08T18:29+0500
2024-10-08T18:29+0500
грант
дар тоҷикистон
бор
маблағ
энергетика
осиёи марказӣ
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд (БОР) эълон кард, ки барои тарҳи пайвастшавии Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ 15 млн доллар грант ҷудо намудааст.Дар ин бора котиби матбуотии намояндагии БОР дар Душанбе Татяна Евстифеева хабар дод."Бонки осиёии рушд 15 млн доллар маблағгузории иловагии грантиро барои лоиҳаи дубора пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавассути хатҳои шабакавии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқ намуд”,- гуфт хонум Евстифеева.Вай таъкид кард, ки маблағҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки байни зеристгоҳи "Суғд" дар шимоли Тоҷикистон ва зеристгоҳи "Сирдарёи Нав" дар Ӯзбекистон хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 киловолт сохта шавад.“Ин имконият медиҳад, ки иқтидори содирот ва воридоти нерӯи барқ байни кишварҳои низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, афзоиш ёбад ва зерсохторҳои зарурӣ барои пешгирии садамаҳои шабакавӣ тақвият дода шаванд”, - гуфт ӯ.Дар доираи лоиҳа инчунин омодагии низоми энергетикии Тоҷикистон барои хидматрасониҳо оид ба танзими ҷараён ва басомади нерӯ барои муттаҳидсозии устувори энергияи барқароршаванда дар минтақа таъмин мешавад.Дар дурнамои дарозмуддат ин лоиҳа ба унсури асосии нақшаи интиқоли нерӯи барқ аз НБО-и “Роғун” дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки моҳи июн Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки ҷумҳурӣ дубора ба системаи ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст шудааст.
https://sputnik.tj/20240621/vazir-tojikiston-nizomi-yagona-energetikii-osiyoi-markazi-payvast-1063294296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи марказӣ, барқ, энергетика, бор, маблағ, грант
тоҷикистон, осиёи марказӣ, барқ, энергетика, бор, маблағ, грант
БОР барои пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикии ОМ ба Тоҷикистон 15 млн доллар медиҳад
Лоиҳа омодагии низоми энергетикии Тоҷикистонро барои пешниҳоди хидматрасонӣ оид ба танзими ҷараёни барқ барои ҳамгироии энергетикӣ дар минтақа таъмин хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд (БОР) эълон кард, ки барои тарҳи пайвастшавии Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ 15 млн доллар грант ҷудо намудааст.
Дар ин бора котиби матбуотии намояндагии БОР дар Душанбе Татяна Евстифеева хабар дод.
"Бонки осиёии рушд 15 млн доллар маблағгузории иловагии грантиро барои лоиҳаи дубора пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавассути хатҳои шабакавии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқ намуд”,- гуфт хонум Евстифеева.
Вай таъкид кард, ки маблағҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки байни зеристгоҳи "Суғд" дар шимоли Тоҷикистон ва зеристгоҳи "Сирдарёи Нав" дар Ӯзбекистон хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 киловолт сохта шавад.
“Ин имконият медиҳад, ки иқтидори содирот ва воридоти нерӯи барқ байни кишварҳои низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, афзоиш ёбад ва зерсохторҳои зарурӣ барои пешгирии садамаҳои шабакавӣ тақвият дода шаванд”, - гуфт ӯ.
Дар доираи лоиҳа инчунин омодагии низоми энергетикии Тоҷикистон барои хидматрасониҳо оид ба танзими ҷараён ва басомади нерӯ барои муттаҳидсозии устувори энергияи барқароршаванда дар минтақа таъмин мешавад.
Дар дурнамои дарозмуддат ин лоиҳа ба унсури асосии нақшаи интиқоли нерӯи барқ аз НБО-и “Роғун” дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки ҷумҳурӣ дубора ба системаи ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст шудааст.