https://sputnik.tj/20240621/vazir-tojikiston-nizomi-yagona-energetikii-osiyoi-markazi-payvast-1063294296.html
Вазир: Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст шуд
Вазир: Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захоири оби кишвар эълон кард, ки Тоҷикистон дубора ба низоми ягони энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шуд
2024-06-21T18:10+0500
2024-06-21T18:10+0500
2024-06-21T18:10+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 21июн — Sputnik. Тоҷикистон дубора ба низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст шуд, гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Остона.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро соли 2009 аз ин низом хориҷ карда буданд."Қобили зикр аст, ки лоиҳаи пайваст кардани низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки имкон медиҳад иқтидори пурраи энергетикии он истифода шавад. Ҳамзамон ин низом имкон медиҳад кори низоми энергетикии минтақаро тақвият бахшад", - гуфт ӯ.Дар ҳамин ҳол, вазири энергетика мушаххас накард, ки пайвастшавӣ дар кадом минтақаи кишвар сурат гирифтааст.Моҳи феврали соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ оқои Далер Ҷумъа хабар дода буд, ки пайвастшавӣ ба низоми ягона қарор аст, дар ғарби кишвар сурат бигирад.Вай ҳамчунин илова карда буд, ки Тоҷикистон дар мавриди кашидани хатти иловагӣ дар шимоли ҷумҳурӣ гуфтушунид дорад.Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна дар ҳудуди Узбекистан, Точикистон, Туркманистон, Киргизистон ва минтақаи ҷануби Қазоқистон ҳануз дар солхои 70-ум дар Иттиҳоди шӯравӣ таъсис ёфта буд.Ин низом ба минтақаҳо имкон дод, ки қувваи барқи зиёдатиро байни худ тақсим кунанд. Дар соли 2003 Туркманистон ва соли 2009 Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикӣ хориҷ шуданд. Чанд муддат ин низом кор намекард, аммо соли 2019 кори он дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон азсар гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20240621/tojikiston-niyat-dorad-70-nerui-barqi-tavlidshuda-az-nbo-roghun-ro-ba-khorij-furushad-1063290862.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низоми ягонаи энергетикӣ, пайваст, осиёи марказӣ, энергетика, барқ
тоҷикистон, низоми ягонаи энергетикӣ, пайваст, осиёи марказӣ, энергетика, барқ
Вазир: Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст шуд
Вазири энергетика ва захоири оби кишвар эълон кард, ки Тоҷикистон дубора ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шуд
ДУШАНБЕ, 21июн — Sputnik. Тоҷикистон дубора ба низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст шуд, гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Остона.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро соли 2009 аз ин низом хориҷ карда буданд.
"Қобили зикр аст, ки лоиҳаи пайваст кардани низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки имкон медиҳад иқтидори пурраи энергетикии он истифода шавад. Ҳамзамон ин низом имкон медиҳад кори низоми энергетикии минтақаро тақвият бахшад", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, вазири энергетика мушаххас накард, ки пайвастшавӣ дар кадом минтақаи кишвар сурат гирифтааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ оқои Далер Ҷумъа хабар дода буд, ки пайвастшавӣ ба низоми ягона қарор аст, дар ғарби кишвар сурат бигирад.
Вай ҳамчунин илова карда буд, ки Тоҷикистон дар мавриди кашидани хатти иловагӣ дар шимоли ҷумҳурӣ гуфтушунид дорад.
Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна дар ҳудуди Узбекистан, Точикистон, Туркманистон, Киргизистон ва минтақаи ҷануби Қазоқистон ҳануз дар солхои 70-ум дар Иттиҳоди шӯравӣ таъсис ёфта буд.
Ин низом ба минтақаҳо имкон дод, ки қувваи барқи зиёдатиро байни худ тақсим кунанд. Дар соли 2003 Туркманистон ва соли 2009 Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикӣ хориҷ шуданд. Чанд муддат ин низом кор намекард, аммо соли 2019 кори он дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон азсар гирифта шуд.