Наришкин аз кишварҳои ИДМ хост дар бораи нақшаҳои террористии Ғарб ба Русия хабар диҳанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2024
Обуна шудан
Русия аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки Хадамотҳои истихборотии Иттиҳод бояд дар бораи нақшаҳои террористии Ғарб ба Русия хабар диҳанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Хадамоти истихборотии кишварҳои ИДМ дар навбати аввал бояд дар бораи нақшаҳои террористии дастаҷамъонаи Ғарб ва режими Киев алайҳи кишварҳои муштаракулманофеъ табодули маълумот кунанд, гуфт Сергей Наришкин, раҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия.
Наришкин дар ҷаласаи 55-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Остона қайд кард, ки дар шароити кунунӣ тавсеаи ҳамкориҳои ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ махсусан муҳим мебошад.
Ҳамчунин Наришкин зимни суханронии худ дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи кишварҳои Ғарб қайд кард.
Ба гуфтаи вай кишварҳои Ғарб барои нигоҳ доштани бартарияти худ дар ҷаҳони муосир талошҳои махсусро барои ноором сохтани фазои кишварҳои пасошӯравӣ иқдом мекунанд.
“Ҳоло хатарҳо ва таҳдидҳо аз кишварҳои ғарбӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст, ҳарчанд Русия ҳеҷ гоҳ ба онҳо бадие нахостааст”, гуфт ӯ.
Штурмовые подразделения ВС РФ на Запорожском направлении отрабатывают штурм опорных пунктов и позиций противника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
“Дар муҳосира”: Ғарб аз артиши Украина хост боз як шаҳри дигарро тарк намоянд
Оқои Наришкин қайд кард, ки аз моҳи марти соли 2024 моҳвораҳои иктишофии ИМА аксбардории хеле муфассалро дар қаламравҳои Русия ҳаммарз бо Украина ба таври назаррас афзоиш доданд. Ба мониторинги радифи маснуъ ба вазъияти вилоятхои Курск ва Белгород диққати махсус дода шудааст.
Вай афзуд, ки нақшаи ҳамлаи террористӣ дар вилояти Курск, забти нерӯгоҳи атомии Курскро дар бар мегирифт.
“Агар Киев имкони забти онро медошт, Аврупо ба фалокати экологӣ ва башардӯстона таҷовузкорона монанди Чернобил мувоҷеҳ мешуд.
Оқои Наришкин илова кард, ки хадамоти иктишофии ғарбӣ, пеш аз ҳама MI6-и Бритониё, нерӯҳои тахрибкори Украинаро барои иғво дар як қатор нерӯгоҳҳои атомии Русия омода мекарданд. MI6 ва Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина амалиёти тарконидани хатҳои барқро, ки нерӯгоҳҳои атомии Русияро бо шабакаи миллии барқ ​​мепайвандад, таҳия мекарданд.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Наришкин: яке аз аҳдофи ҳамлаи террористӣ дар Крокус нақзи ҳамоҳангии миллатҳо дар ИДМ аст
“Далелҳо вуҷуд доранд, ки пас аз анҷоми муноқишаи Украина онҳо мехоҳанд аз ҷангҷӯён барои ноором кардани минтақаи АвруОсиё истифода кунанд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин вай афзуд, ки Хадамоти иктишофии хориҷӣ дар бораи дахолати мустақими Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё дар вайрон кардани “Маҷрои шимолӣ” маълумоти боэътимод дорад.
“Дар ҳамлаи террористӣ тахрибкорони истихборотҳои Англосаксонҳо ширкат доштанд. ИМА таркондани лулаҳои газро ба мақсади вайрон кардани муносибати Аврупо пеш аз ҳама Олмон бо Русия анҷом дод”, - қайд кард раиси истихбороти хориҷии Русия.
Лентаи хабарҳо
0