Наришкин: яке аз аҳдофи ҳамлаи террористӣ дар Крокус нақзи ҳамоҳангии миллатҳо дар ИДМ аст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Обуна шудан
Ба боварии раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, амнияти мамлакатҳои ИДМ -ро танҳо бо ҳамкориҳои муштарак метавон таъмин кард
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар Крокус яке аз ҳалқаҳои занҷир дар хоҳиши рақибони мо барои ноором кардани вазъ дар Русия ва халалдор кардани мувофиқати байни миллатҳо дар ИДМ мебошад.
Дар ин бора раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин хабар дод.
"Фикр мекунам, ки рақибони мо дар ҳеҷ кадоме аз ин муваффақ намешаванд, мо мебинем, ки ҷуғрофиёи фаъолияти онҳо хеле васеътар аст", - гуфт Наришкин.
Наришкин қайд кард, ки амнияти мамлакатҳои ИДМ танҳо бо амалиёти якҷоя таъмин карда мешавад.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Теракт в Крокус Сити Холле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Бортников: хадамоти ҷосусии Украина бевосита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус иртибот дорад
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд.
Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд". Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0