https://sputnik.tj/20241006/tufon-qum-ghubor-tojikiston-afzudaast-1064607084.html
Тӯфони қуму ғубор дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзудааст
Тӯфони қуму ғубор дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Тӯфонҳои қум дар зери таъсири тағирёбии иқлим шиддат гирифта, миқдори зиёди хок ва моддаҳои заррачаҳои майдаро ба масофаҳои дур интиқол медиҳанд
2024-10-06T17:11+0500
2024-10-06T17:11+0500
2024-10-07T02:49+0500
дар тоҷикистон
тӯфони хок
обу ҳаво
муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063482526_0:1460:2048:2612_1920x0_80_0_0_d94654d4ae7fae3636cba907da72ea93.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои пурғубор сол то сол зиёд шуда, дар солҳои охир шумори тӯфонҳои қуму чанг беш аз 10 маротиба афзудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба гуфтаи коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар авоили солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳодисаи тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шудааст. Дар чанд соли охир дар як сол бештар аз 35 маротиба чунин обу ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар давоми тамоми тобистон ва сентябри соли 2023, қариб дар ҳар дувуним рӯз сокинони ҷумҳурӣ асири ҳавои чанголуд буданд, ки ин вазъият дар соли 2024 идома ёфт. Таъкид мешавад, ки тӯфонҳои қуму чанг, ки дар зери таъсири тағйирёбии иқлим шиддат мегиранд, боиси интиқоли миқдори зиёди ғубор ва зарраҳои хурди сахт ба масофаҳои дур шуда, дар рӯи пиряхҳо ҷойгир мешаванд.Ин таъсирот фаротар аз нигарониҳои экологӣ буда, мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро зиёд мекунанд, ки ба дастрасии об барои кишоварзӣ, гидроэнергетика ва таъмини оби ошомиданӣ таъсир мерасонанд ва ба ин васила ба воситаҳои зиндагӣ ва амнияти озуқаворӣ дар минтақа асар мегузорад.
https://sputnik.tj/20240803/khf-tojikiston-vohidi-baynalmilali-najotdihanda-omoda-1063791449.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063482526_0:1287:2048:2823_1920x0_80_0_0_2143157a14b779137a69428b98d3ad7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тӯфони қум ғубор тоҷикистон афзуд
тӯфони қум ғубор тоҷикистон афзуд
Тӯфони қуму ғубор дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзудааст
17:11 06.10.2024 (Навсозишуда: 02:49 07.10.2024) Тӯфонҳои қум дар зери таъсири тағирёбии иқлим шиддат гирифта, миқдори зиёди хок ва моддаҳои заррачаҳои майдаро ба масофаҳои дур интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои пурғубор сол то сол зиёд шуда, дар солҳои охир шумори тӯфонҳои қуму чанг беш аз 10 маротиба афзудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар авоили солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳодисаи тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шудааст. Дар чанд соли охир дар як сол бештар аз 35 маротиба чунин обу ҳаво ба қайд гирифта шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар давоми тамоми тобистон ва сентябри соли 2023, қариб дар ҳар дувуним рӯз сокинони ҷумҳурӣ асири ҳавои чанголуд буданд, ки ин вазъият дар соли 2024 идома ёфт.
"Дар Тоҷикистон 4,1 дарсади қаламрав дучори тӯфони шадиди қуму ғубор аст, ки беш аз 560 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад", - гуфт манбаъ.
Таъкид мешавад, ки тӯфонҳои қуму чанг, ки дар зери таъсири тағйирёбии иқлим шиддат мегиранд, боиси интиқоли миқдори зиёди ғубор ва зарраҳои хурди сахт ба масофаҳои дур шуда, дар рӯи пиряхҳо ҷойгир мешаванд.
Ин таъсирот фаротар аз нигарониҳои экологӣ буда, мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро зиёд мекунанд, ки ба дастрасии об барои кишоварзӣ, гидроэнергетика ва таъмини оби ошомиданӣ таъсир мерасонанд ва ба ин васила ба воситаҳои зиндагӣ ва амнияти озуқаворӣ дар минтақа асар мегузорад.