Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои King’s Cup 2024 муаян шуд

© Foto / Дафтари матбуоти ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2024
Обуна шудан
Яккачини Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шикеладзе дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup"-ро эълон кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин мусобиқа аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад,
Ҳамин тариқ, субҳи 7 октябр мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи "King’s Cup 2024" тавассути транзити Дубай ба Сонгкхла сафар мекунад.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард
Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 октябр бо тими Сурия бозӣ менамояд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои Тайланд ва Филиппин вомехӯранд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд.
Рақобатҳои ниҳоии мусобиқаи "King’s Cup 2024" 14 октябр баргузор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи рейтинги ФИФА, рақиби аввали тоҷикон дар ин мусобиқа қавитарин дар гуруҳ буда, дар мақоми 92 қарор дорад. Тими тайланд се зина болотар аз Тоҷикистон дар ҷайи 100 ва аз ҳама заиф Филиппин аст, ки мақоми 148-ро дорад.
Лентаи хабарҳо
0