https://sputnik.tj/20241005/istiqlol-nokomiho-cherevchenko-digarbora-ovard-1064600401.html
"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард
"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард
Sputnik Тоҷикистон
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе пас аз бохтщои пайдарпай, ба хулосае омад, ки собиқ мураббияш Игор Черевченкоро баргардонад
2024-10-05T15:56+0500
2024-10-05T15:56+0500
2024-10-05T15:56+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбо
тими "истиқлол"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054321576_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_1442d642c63fa828483a4b951a6b91e0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Мураббии шинохта ва дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко дигарбора сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе таъйин шуд.Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, мутахассиси маъруф имрӯз ба футболбозон ва маъмурияти даста муаррифӣ карда шуд ва аввалин тамринро пас аз бозгашт ба "Истиқлол" баргузор намуд. Дар якҷоягӣ бо Червеченко ба "Истиқлол" Юрий Батуренко баргашт, ки вазифаи ёвари аввали сармураббиро иҷро хоҳад намуд, Маврид ба зикр аст, ки Игор Черевченко аллакай дар "Истиқлол" таҷрибаи корро дорад.Ӯ қаблан дар оғози соли 2023 ба ин даста пайваста як мавсим онро тамрин дод, ки зери раҳбарияш тим унвони қаҳрамони кишварро соҳиб шуда, инчунин Ҷоми мамлакатро ба даст оварда буд.Ҳамчунин вай дар ин давра беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон-2023 эълон гардид.Мавриди ба зикр аст, ки ахиран Игор Лазеревич бинобар натоиҷи нобарори бозиҳо истеъфо дод ва дастаро ёвари ӯ Предраг Пашич бо дигар ҳайати доварон тамрин медод, ки вазъро ислоҳ накард. То омадани Черевченко ҳам аз бозиҳо дохилӣ шикаст дошт ва ду дидорашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024 бо "Шарҷа"-и Қатар ва "Сипоҳон"-и Эрон бо бохт анҷом дод.Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 49 сол дорад. Ӯ дар Точикистони Шӯравӣ таваллуд ёфта, қадамҳои аввалини худро ба футбол дар хамин ҷо гузоштааст.Охирин бошгоҳе, ки мутахассис дар он кор мекард, "Факел"-и Воронеж буд, ки моҳи августи соли ҷорӣ аз он рафт.Қабл аз ин ӯ дастаҳои "Химки"- и вилояти Маскав, ки"Арсенал"-и Тула, "Балтика"-и Калининград, "Локомотив"-и Маскавро, ки дар мавсими 2014/15 барандаи Ҷоми Русия шудаанд, сарварӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20240804/istiqlol-haytash-hamlavar-italiya-bulghoriston-qavi-1063797578.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054321576_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_a74db755f37ca2984f6e36f9312eaecd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"истиқлол" нокомиҳояш черевченко овард
"истиқлол" нокомиҳояш черевченко овард
"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе пас аз бохтщои пайдарпай, ба хулосае омад, ки собиқ мураббияш Игор Черевченкоро баргардонад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Мураббии шинохта ва дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко дигарбора сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе таъйин шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси маъруф имрӯз ба футболбозон ва маъмурияти даста муаррифӣ карда шуд ва аввалин тамринро пас аз бозгашт ба "Истиқлол" баргузор намуд.
Дар якҷоягӣ бо Червеченко ба "Истиқлол" Юрий Батуренко баргашт, ки вазифаи ёвари аввали сармураббиро иҷро хоҳад намуд,
"Ҳамчунин ба ситоди мураббиёни "Истиқлол" Алишер Тухтаев, Дилшод Восиев ва Дмитрий Тяпушкин ворид шуданд",- афзудааст котиботи бошгоҳ
Маврид ба зикр аст, ки Игор Черевченко аллакай дар "Истиқлол" таҷрибаи корро дорад.
Ӯ қаблан дар оғози соли 2023 ба ин даста пайваста як мавсим онро тамрин дод, ки зери раҳбарияш тим унвони қаҳрамони кишварро соҳиб шуда, инчунин Ҷоми мамлакатро ба даст оварда буд.
Ҳамчунин вай дар ин давра беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон-2023 эълон гардид.
Мавриди ба зикр аст, ки ахиран Игор Лазеревич бинобар натоиҷи нобарори бозиҳо истеъфо дод ва дастаро ёвари ӯ Предраг Пашич бо дигар ҳайати доварон тамрин медод, ки вазъро ислоҳ накард.
То омадани Черевченко ҳам аз бозиҳо дохилӣ шикаст дошт ва ду дидорашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024 бо "Шарҷа"-и Қатар ва "Сипоҳон"-и Эрон бо бохт анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 49 сол дорад. Ӯ дар Точикистони Шӯравӣ таваллуд ёфта, қадамҳои аввалини худро ба футбол дар хамин ҷо гузоштааст.
Охирин бошгоҳе, ки мутахассис дар он кор мекард, "Факел"-и Воронеж буд, ки моҳи августи соли ҷорӣ аз он рафт.
Қабл аз ин ӯ дастаҳои "Химки"- и вилояти Маскав, ки"Арсенал"-и Тула, "Балтика"-и Калининград, "Локомотив"-и Маскавро, ки дар мавсими 2014/15 барандаи Ҷоми Русия шудаанд, сарварӣ кардааст.