Путин ва Раҳмон омодагиҳо ба нишасти сарони ИДМ дар Маскавро арзёбӣ карданд

© Sputnik / Дмитрий Дудо / Гузариш ба медиабонк103-е заседание Экономического совета СНГ
103-е заседание Экономического совета СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Обуна шудан
Владимир Путин 7 октябр қасд дорад бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот кунад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кремл, ин мавзӯъ дар сӯҳбати телефонии раҳбарони кишварҳо матраҳ шудааст, ки дар ҷараёни он Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Путину Раҳмон рӯзҳои наздик дар Маскав мулоқот хоҳанд кард
"Дар робита ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, ки 8 октябр дар Маскав баргузор мешавад, ба як қатор масъалаҳои амалӣ дахл карда шуданд", - шарҳ доданд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузашт.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 7 октябр бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот хоҳад кард.
Илова бар ин, рӯзи душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0