Путину Раҳмон рӯзҳои наздик дар Маскав мулоқот хоҳанд кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Обуна шудан
Охирин мулоқоти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, ки он замонРаҳмон барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба ба Маскав рафта буд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Маскав мулоқоти раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар ин бора аз барқияе маълум шуд, ки раҳбари Русия ба муносибати 72-солагии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ирсол кардааст.
"Дар остонаи мулоқоти мо, ки рӯзҳои наздик дар Маскав баргузор мешавад, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими қалб саломатии бардавом, шукуфоӣ ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав таманно менамоям", - омадааст дар табрикоти Путин.
Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки Раҳмон ҳам дар миёни ҳамватанонаш ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми зиёд дорад.
"Тоҷикистон таҳти роҳбарии шумо бомуваффақият дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ пеш рафта, дар корҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳими созанда дорад", - гуфта мешавад дар барқия.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард
Путин ҳамчунин афзуд, ки Русия талошҳои Раҳмонро барои таҳкими равобити Маскаву Душанбе ва ҳамчунин густариши равобити мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби СПАД, ИДМ ва СҲШ қадр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бори охир раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи май аз Маскав дидан карда, дар чорабиниҳои идона бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карда буд.
Лентаи хабарҳо
0