Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубор

© SputnikДушанбе накрыла пыльная буря
Душанбе накрыла пыльная буря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2024
Обуна шудан
КҲФ ба сокинони шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва , ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз сарзадани тӯфони граду ғубор ҳушдор дода ба сокинон чандин тавсияҳо додааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 4-5 октябри соли равон дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари тағйироти обу ҳаво тӯфони граду ғубор дар назар аст.
“Бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст”, - таъкид кардааст манбаъ.
КҲФ вобаста ба ин чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо додааст. Аз ҷумла КҲФ қайд кардааст, нафароне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.
1.
Бештари оби тоза нӯшед, рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр
2.
То ҳадди имкон тирезаҳои хона пӯшида бошанд. Агар мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд.
3.
Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4.
Пизишкон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Автомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Ҷойи нигаронӣ нест: КҲФ афзоиши заминларзаҳо дар ВМКБ шарҳ дод
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Лентаи хабарҳо
0