Ҷойи нигаронӣ нест: КҲФ афзоиши заминларзаҳо дар ВМКБ шарҳ дод

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАвтомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай
Автомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран дар бораи сабабҳои афзоиши заминларзаҳо дар қаламрави ВМКБ-ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қайд кард, ки тайи 24 соати охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як силсила заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни мардум “тафсир”-ҳои зиёдеро ба бор овард.
КҲФ бо мақсади пешгирии воҳима ва ё нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хостори тавзеҳот шудааст.
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ хабар додааст, ки 27 августи соли равон заминларза дар ҳудуди ВМКБ ба кайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Рӯшон воқеъ буд.
Манбаи заминларза дар умқи 40-45 километр, дар минтақаи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт. Тибқи маълумоти пешакӣ, шиддати зилзила дар маркази заминларза 5-5,5 баллро ташкил додааст. Заминларзаи 4-4,5 дараҷа дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба бинову иншоот осеб нарасондааст.
Работа сейсмографа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Заминларза марзи Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод
Шаби 18 сентябри соли равон дар ин мавзеъ боз се заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар шаҳри Хоруғ заминларзаи шиддаташ 3-4 балл сабт шуд. Манбаъҳои ин заминларзаҳо дар умқи 10 километр муайян шудаанд. Маркази заминларза ба заминларзаи 27-уми августи соли 2024 наздик буда, дар мавзеи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт, дар масофаи 20-25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Қайд карда шудааст, ки ин заминларзаҳо Афтершок ё пасларзаҳои заминларзаҳое мебошанд, ки 27 августи соли 2024 рух додаанд.тОдатан баъди зилзилаҳои сахт пасларзаҳо аз 1-2 ҳафта то 1-2 моҳ ва бештар аз он давом мекунад.
Афтершок (анг. Aftershock) – пасларза. Ба заминларзаи хурдтаре гуфта мешавад, ки пас аз як заминларзаи бузургтари қаблӣ ва дар ҳамон минтақа рӯй медиҳад.
Пасларзаҳо ларзаҳои хурдтари замин ҳастанд, ки бар асари ҷобаҷо шудан ва ҷо уфтодани пустаи замин пеш аз вуқуъи заминларза падид меоянд. Пасларзаҳо мумкин аст соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо идома кунанд.
Қайд карда шудааст, ки пасларзаҳо метавонанд бисёр хатарнок бошанд, зеро қобили пешбинӣ нестанд ва метавонанд боиси фурурехтани сохтмонҳое бишаванд, ки дар ҷараёни заминларзаи аслӣ фуру нарехта буданд.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Чаро зилзила бештар шабона ба амал меояд: посухи мутахассис
Бояд гуфт, ки тарқиши зеризаминии Бартанг-Пшарт сарҳади қисматҳои шимолӣ ва ҷанубии Помир буда, дар байни Хоруғ ва Рӯшон, қад-қади дарёи Бартанг, кӯли Сарез ва Мурғоб аз шарқ то сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тӯл мекашад.
Қаламрави ВМКБ яке аз ноҳияҳои аз зилзилахез дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар ҳудуди он заминларзаҳои шиддаташон гуногун дар умқи мухталиф ба қайд гирифта мешавад. Бамаврид аст зикр кунем, ки биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои мамлакатамон, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ воқеъ гардидаанд, ба заминҷунбии 8—9 балл тоб меоваранд.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки вақте замин меларзад, ки хеле тарсовару нохушкунанда аст, натарсанд
“Роҳи дигаре ба ҷуз ин ки сабр кунед, тозаминҷунбӣ ба анҷом расад, надоред. Аз ин рӯ тавсия мешавад, ки ором бошед ва ботаваҷҷуҳ. Дар ин сурат шумо шонси бештари безарар мондан аз заминларза хоҳед дошт. Гузашта аз ин одамони дигар ба шумо пайравӣ мекунанд ва ва ин худ бурди онҳост”, - зикр хоҳиш кардааст аз сокинон КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0