https://sputnik.tj/20241004/hajmi-sarmoyaguzori-rusiya-tojikiston-1064591523.html
Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст
Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон гуфт ба Русия як қатор лоиҳаҳои ояндадорро барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо пешниҳод намудем
2024-10-04T18:11+0500
2024-10-04T18:11+0500
2024-10-04T18:11+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сармоягузорӣ
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064590383_138:124:1270:761_1920x0_80_0_0_55713057db403cd1d4293d1d82b48470.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот дошт. Сипас, мақомдорон дар 20-умин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар иштирок намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, муҳоҷират, энергетика, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, инчунин дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.Тавре Қоҳир Расулзода қайд кард, ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст.Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо ба Русия як қатор лоиҳаҳои ояндадор пешниҳод намуд. Дар робита ба ин, Расулзода пешниҳод кард, ки дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ зеркумитаи алоҳида барои ҳамкориҳои сармоягузорӣ таъсис дода шавад."Ман бовари дорам, ки татбиқи лоиҳаҳои воқеан азими сармоягузорӣ ба рӯҳияи шарикӣ ва иттифоқи стратегии мо мувофиқ мебошад", - таъкид кард ӯ.Қобили зикр аст, ки Русия дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маъмулан дар ҷои аввал аст.Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар дар 8 моҳи соли равон беш аз 1,2 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3% бештар аст.Русия ба Тоҷикистон сӯзишворӣ, маҳсулоти ғизоӣ, кимиёӣ, чубу тахта, металлхои сиёх, махсулоти механикию техникӣ содирот мекунад.Зиёда аз 70 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд ва дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 300 ширкат бо сармояи Русия фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20241004/rusiya-maktabbachahoi-tojikiston-kitobi-fanni-zaboni-rusi-taqdim-1064582926.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064590383_150:11:1263:846_1920x0_80_0_0_9cd8a36eceb93d22fba0e17207631763.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, иқтисод, лоиҳа, сарвазир, қоҳир расулзода
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, иқтисод, лоиҳа, сарвазир, қоҳир расулзода
Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст
Сарвазири Тоҷикистон гуфт ба Русия як қатор лоиҳаҳои ояндадорро барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо пешниҳод намудем
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.
Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот дошт. Сипас, мақомдорон дар 20-умин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар иштирок намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, муҳоҷират, энергетика, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, инчунин дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Тавре Қоҳир Расулзода қайд кард, ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо ба Русия як қатор лоиҳаҳои ояндадор пешниҳод намуд. Дар робита ба ин, Расулзода пешниҳод кард, ки дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ зеркумитаи алоҳида барои ҳамкориҳои сармоягузорӣ таъсис дода шавад.
"Ман бовари дорам, ки татбиқи лоиҳаҳои воқеан азими сармоягузорӣ ба рӯҳияи шарикӣ ва иттифоқи стратегии мо мувофиқ мебошад", - таъкид кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки Русия дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маъмулан дар ҷои аввал аст.
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар дар 8 моҳи соли равон беш аз 1,2 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3% бештар аст.
Русия ба Тоҷикистон сӯзишворӣ, маҳсулоти ғизоӣ, кимиёӣ, чубу тахта, металлхои сиёх, махсулоти механикию техникӣ содирот мекунад.
Зиёда аз 70 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд ва дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 300 ширкат бо сармояи Русия фаъолият дорад.