Маскав ба Тоҷикистон барои тайёр намудани протезҳои муоссир кумак хоҳад кард

© Foto / Пресс-служба МинздраваВстреча с представителями компании "Моторика"
Встреча с представителями компании Моторика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2024
Обуна шудан
Намояндагони ширкати “Моторика”-и шаҳри Маскав омодаанд ҳамкориро бо Тоҷикистон дар самти тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо намояндагони ширкати ”Моторика”- и шаҳри Маскави Русия сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони ширкати ”Моторика” оид ба тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ, таъминоти маъюбон бо намунаҳои нави технологӣ, аз ҷумла протезҳои дастҳои намуди бионикӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорат андашаҳои худро иброз доштанд.
Дар идомаи мулоқот тарафҳо дар бораи омода намудани мутахассисон дар самти тавонбахшӣ табодули назар карданд.
Евгений Кореньков, торговый представитель Российской Федерации  в Республике Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Саҳми Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон 22%-ро ташкил медиҳад
Инчунин тарафҳо, ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ барои маъюбон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.
Ёдрас мешавем, ки санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ширкати мазкур нахустин бор дар кишвар дар ду кӯдаки то синни 10 сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0