Саҳми Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон 22%-ро ташкил медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевЕвгений Кореньков, торговый представитель Российской Федерации в Республике Таджикистан
Евгений Кореньков, торговый представитель Российской Федерации  в Республике Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Обуна шудан
Намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе гуфт, ки Русия шарики асосии тиҷорӣ ва воридкунандаи бузургтарини Точикистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар моҳҳои январ-августи соли равон саҳми Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон 22%-ро ташкил додааст, гуфт Ба намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
“Русия аз соли 2007 то имрӯз шарики асосии тиҷоратӣ ва бузургтарин воридкунандаи Тоҷикистон ба шумор меравад, саҳми Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20-25%, аз ҷумла дар моҳҳои январ-августи соли равон 22%-ро ташкил додааст", - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, Русия дар равобити хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад.
Ҳамин тариқ, гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-август ба 1 миллиарду 270 млн доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3% бештар аст.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2024
Тоҷикистону Русия раванди муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ карданд
"Дар нимсолаи аввал аз Русия ба Тоҷикистон ба ҷуз маводи сӯхт ба миқдори зиёд маҳсулоти хӯрокворӣ ворид карда шуд – афзоиш қариб дар ҳамаи гурӯҳҳои асосӣ ба қайд гирифта шуда, ки 36,3 фоизро ташкил дод... Солҳои охир муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 70 минтақаи Русия дастгирӣ ёфта, дар панҷгонаи аввал вилоятҳо шаҳри Маскав, вилояти Маскав, Оренбург, Челябинск ва Свердловск ҷойгир шудаанд", - гуфт Коренков.
Коренков дар робита ба вуруди намояндагиҳои тиҷоратии Русия ба Тоҷикистон қайд кард, ки ин як василаи хеле боэътимод барои ворид шудан ба бозори ҷумҳурист.
Лентаи хабарҳо
0